Маркази тарҷумаи Равод — 356
24:44 Аллоҳ таоло шабу рӯзро мегардонад [ва паёпай меоварад]. Яқинан, дар ин [гардиш] ибрате барои аҳли басират аст
24:45 Ва Аллоҳ таоло ҳар мавҷуди зиндаеро аз об офарид, пас, бархе аз онон бар шиками худ мераванд ва бархе бар ду по роҳ мераванд ва бархе аз онон чаҳор [по] роҳ мераванд. Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад меофаринад. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳама чиз тавоност
24:46 Ба ростӣ, ки [Мо] оёти равшангаре нозил кардем ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад
24:47 Ва [мунофиқон] мегӯянд: «Ба Аллоҳ таоло ва паёмбар [-и Ӯ] имон овардем ва [аз фармонашон] итоат кардем», аммо пас аз ин [иддао] гурӯҳе аз онон рӯйгардон мешаванд ва инон [дар ҳақиқат] муъмин нестанд
24:48 Ва ҳангоме ки ба сӯйи Аллоҳ таоло ва паёмбараш фарохонда мешаванд, то дар миёнашон доварӣ кунад, ногоҳ гурӯҳе аз онон рӯйгардон мешаванд
24:49 Ва агар ҳақ ба онон бошад, мутеона [фурӯтанона] ба сӯйи ӯ меоянд
24:50 Оё дар дилҳояшон беморӣ аст ё [дар бораи рисолаташ] тардид доранд? Ё метарсанд, ки Аллоҳ таоло ва паёмбараш бар онон ситам кунанд? [На] Балки онон худ ситамгоранд
24:51 Сухани муъминон, ҳангоме ки ба сӯи Аллоҳ таоло ва паёмбараш фарохонда мешаванд, то миёнашон доварӣ кунад, фақат ин аст, ки мегӯянд: «Шунидем ва итоат кардем» ва инонанд, ки растагоранд
24:52 Ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад ва аз Аллоҳ таоло битарсад ва аз [нофармонии] Ӯ бипарҳезад, пас, инон комёбанд
24:53 [Мунофиқон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд ёд карданд, ки агар ба онон фармон диҳӣ, [барои ҷиҳод] раҳсипор мешаванд. Бигӯ: «Савганд ёд накунед. Итоат [ва суханони дурӯғатон] шинохташуда аст. Бе тардид, Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст»