>

Маркази тарҷумаи Равод — 354

24:32 [Эй муъминон] Мардону занони муҷарради худро ҳамсар диҳед ва ғуломону канизонро, ки шоистагӣ доранд [низ ҳамсар диҳед]. Агар онон тиҳидаст бошанд, Аллоҳ таоло аз бахшиш [ва лутфи] хеш бениёзашон месозад ва Аллоҳ таоло кушоишгари огоҳ аст

24:33 Касоне, ки [шароиту имконоти] издивоҷ надоранд, бояд покдоманӣ пеша кунанд, то Аллоҳ таоло ононро аз бахшиши хеш бениёз намояд. Ва бардагоне, ки хостори бозхарид [ва озодии хеш] ҳастанд, агар дар онон [тавоноии пардохти мол ва] шоистагӣ мебинед, [дархосташонро] бипазиред ва аз сарвате, ки Аллоҳ таоло ба шумо ато кардааст, чизе ба онон бахшед [то ба озодиашон кумак кунед]. Ҳамчунин, канизонатонро, ки мехоҳанд покдоман бошанд, ба зино водор накунед, то баҳраи [ночиз] зиндагии дунёро ба даст оваред ва агар касе, ки ононро [ба ин кор] ворид намояд, Аллоҳ таоло пас аз маҷбур шуданашон, ҳатман, [нисбат ба онон] омурзанда [ва] меҳрубон аст

24:34 Ва ба ростӣ, ба сӯйи шумо оёте равшан ва достоне аз зиндагии пешиниёнатон ва панде барои парҳезгорон нозил кардаем

24:35 Аллоҳ таоло нури осмонҳо ва замин аст. Масали нури Ӯ ҳаммонанди чароғдонест, ки дарунаш чароғе [афрӯхта] аст [ва] он чароғ дар шишае қарор дорад [ва] он шиша гӯӣ ситорае дурахшон аст. Ин чароғ бо [равғани] дарахти пурбаракати зайтун афрӯхта мешавад, ки на шарқӣ аст ва на ғарбӣ [ва хуршед ҳамвора бар он метобад]. Равғанаш [чунон зулол аст, ки] наздик аст, бидуни тамос бо оташ шуълавар гардад. Нурест афзун бар нур. [Қалби муъмин низ бо нури ҳидоят ин гуна равшан мешавад] Ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба нури хеш ҳидоят мекунад ва Аллоҳ таоло барои мардум масалҳо мезанад ва Аллоҳ таоло ба ҳар чиз доност

24:36 [Ин чароғи ҳидоят] Дар масоҷидест, ки Аллоҳ таоло амр кардааст, то [қадру манзалатшон] гиромӣ дошта шавад ва номаш дар онҳо бурда шавад, [ва] дар он ҷо бомдодон ва шомгоҳон Ӯро ба покӣ биситоянд