Маркази тарҷумаи Равод — 353
24:28 Пас, агар касеро дар он [хона] наёфтед, ворид нашавед, то ба шумо иҷозат дода шавад ва агар ба шумо гуфта шуд: «Бозгардед»! Пас, бозгардед! [Чаро ки] Ин [касби иҷозат] барои шумо шоистатар аст ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед доност
24:29 Бар шумо гуноҳе нест, ки ба хонаҳои ғайримаскунӣ [ва маконҳои умумӣ], ки дар он ҷо [эҳтиёҷ ё] баҳрае доред, ворид шавед ва Аллоҳ таоло он чи ошкор месозед ва он чи пинҳон медоред, [ҳамаро] медонад
24:30 [Эй Паёмбар] Ба мардони муъмин бигӯ, чашмони худро [аз нигоҳ ба номаҳрам] фурӯ гиранд ва покдоманӣ пеша кунанд. Ин [кор] барои онон покизатар аст. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳанд, огоҳ аст
24:31 Ва ба занони муъмин [низ] бигӯ, чашмони худро [аз нигоҳ ба номаҳрам] фурӯ гиранд ва покдоманӣ варзанд ва зевар [-у ороиши] худро ошкор накунанд, магар он чи [ба сурати табиӣ] намоён аст. Ва бояд рӯсарии худро бар сина биафкананд [то мӯйҳо ва синаҳошон пӯшида гардад] ва зинати худро ошкор насозанд, магар барои шавҳар ё падар ё падаршавҳар ё писари худ ё писари шавҳарашон ё бародар ё писари бародар ё писари хоҳар ё [дигар] занон ё канизон ва бардагонашон ё хешовандоне, ки [дигар] ниёз ва тамоюле ба занон надоранд ё кӯдаконе, ки аз масоили ҷинсии занон огоҳӣ наёфтаанд. Ҳамчунин, [ҳангоми роҳ рафтан] пойҳои худро [чунон бар замин] накӯбанд, ки [садои] зиннатҳое, ки [зери либос] пинҳон кардаанд, [халхол] ошкор шавад. Ва эй муъминон, ҳамагӣ ба сӯи Аллоҳ таоло тавба кунед; бошад, ки растагор гардед