>

Маркази тарҷумаи Равод — 352

24:21 Эй касоне, ки имон овардаед, дар роҳҳои шайтон гом нагузоред ва ҳар ки роҳҳои шайтонро мепӯяд, [бидонад, ки] ӯ танҳо ба зишткорӣ ва аъмоли нописанд фармон медиҳад ва агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳматаш бар шумо набуд, ҳаргиз ҳеҷ як аз шумо [аз гуноҳ] пок намешуд, вале Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, пок мекунад ва Аллоҳ таоло шунавои доност

24:22 Афроде аз шумо, ки бартарии [имонӣ] ва вусъати [молӣ] доранд, набояд савганд ёд кунанд, ки ба хешовандон ва тиҳидастон ва муҳоҷирони дар роҳи Аллоҳ таоло [ки муртакиби гуноҳ шудаанд] чизе надиҳанд. Онон бояд афв кунанд ва [аз гуноҳи дигарон] чашм бипӯшанд. Оё дӯст намедоред, ки Аллоҳ таоло [низ] шуморо бибахшад? Ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

24:23 Касоне, ки занони покдомани бехабар [аз фаҳшо ва] муъминро [ба зино] муттаҳам мекунанд, дар дунё ва охират аз раҳмати Аллоҳ таоло дур гаштаанд ва [дар охират] азобе бузург [дар пеш] доранд

24:24 Рӯзе, ки забонҳо ва дастҳо ва пойҳояшон дар бораи он чи мекарданд [ва мегуфтанд], алайҳи онон гувоҳӣ медиҳанд

24:25 Он рӯз Аллоҳ таоло ҷазои воқеии ононро бекаму кост медиҳад ва хоҳанд донист, ки Аллоҳ таоло ҳамон ҳаққи ошкор аст

24:26 Занони палид барои мардони палиданд ва мардони палид [низ] барои занони палиданд. Ва занони пок аз они мардони поканд ва мардони пок [низ] аз они занони поканд. Инон аз он чи [нопокон дар бораашон] мегӯянд, мубарро ҳастанд [ва] омурзиши [илоҳӣ] ва рӯзии арзишманде [дар пеш] доранд

24:27 Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳое ҷуз хонаҳои худ ворид нашавед, магар ин ки иҷозат бигиред ва бар аҳли он [хона] салом кунед. Ин [кор] барои шумо беҳтар аст, бошад, ки панд гиред