>

Маркази тарҷумаи Равод — 351

24:11 [Эй муъминон] Бе тардид, касоне, ки он туҳмати бузургро [дар бораи Оиша] матраҳ карданд, гурӯҳе аз худи шумо ҳастанд. Гумон накунед, ки ин [моҷаро] барои шумо шарр аст, балки хайре бароятон дар он [нуҳуфта] аст. Барои ҳар як аз онон [ки дар ин шоеапароканӣ нақш доштаанд] кайфари гуноҳест, ки муртакиб шудааст ва барои он касе аз эшон, ки бахши бузурги он [туҳмат]-ро ба уҳда дорад, азоби бузурге [дар пеш] аст

24:12 Чаро ҳангоме ки ин [туҳмат]-ро шунидед, мардону занони муъмин гумони нек ба худ набурданд ва нагуфтанд: «Ин туҳмате [бузургу] ошкор [ба ҳамсари паёмбар] аст?»

24:13 Чаро чаҳор шоҳид бар он наёварданд? Пас, чун шоҳидонро наёварданд, ононанд, ки назди Аллоҳ таоло дурӯғгӯ ҳастанд

24:14 Ва агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳмати Ӯ дар дунёву охират набуд, ҳатман, ба кайфари он чи бад-он пардохтед, ба азобе [сахту] бузург гирифтор мешудед

24:15 Он гоҳ ки он [шоеа]-ро аз забони якдигар мешунидед ва суханеро даҳон ба даҳон нақл мекардед, ки дар борааш ҳеҷ огоҳӣ [ва яқинӣ] надоштед ва онро сода [ва кучак] мепиндоштед, дар ҳоле ки он [туҳмат] назди Аллоҳ таоло бисёр бузург аст

24:16 Чаро ҳангоме ки онро шунидед, нагуфтед: «Сазовор нест, ки ин [сухани бад]-ро бар забон овардем. [Парвардигоро] Ту муназзаҳӣ, ин дурӯғи бузурге аст?»

24:17 Аллоҳ таоло шуморо панд медиҳад, ки агар муъмин ҳастед, ҳаргиз ин [кор]-ро такрор накунед

24:18 Ва Аллоҳ таоло оёт [-и худ]-ро барои шумо баён мекунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

24:19 Онон, ки дӯст доранд, байни касоне, ки имон овардаанд, зишткорӣ роиҷ гардад, ҳатман, дар дунё ва охират азобе дарднок [дар пеш] доранд ва Аллоҳ таоло [ҳақоиқу масолеҳро] медонад ва шумо намедонед

24:20 Ва агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳматаш бар шумо набуд ва ин ки Аллоҳ таоло дилсӯзи меҳрубон аст, [ҳатман, муҷозоти сахте дар интизоратон буд]