>

Маркази тарҷумаи Равод — 350

24:1 [Ин] Сураест, ки онро нозил кардаем ва [амал ба аҳкоми] онро воҷиб намудаем ва дар он оёти равшане нозил кардаем, бошад, ки панд гиред

24:2 Ҳар як аз зану марди зинокорро сад тозиёна бизанед ва агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон доред, набояд дар [иҷрои аҳкоми] дини Аллоҳ таоло нисбат ба он ду [нафар] дилсӯзӣ [ва меҳрубонии бе далел] дошта бошед ва бояд гурӯҳе аз муъминон бар муҷозоташон гувоҳ бошанд

24:3 Марди зинокор ҷуз бо зани зинокор ё мушрик издивоҷ намекунад ва зани зинокорро [низ] ҷуз марди зинокор ё мушрик ба издивоҷи худ дарнамеоварад ва ин [заношӯӣ] бар муъминон ҳаром аст

24:4 Ва касоне, ки [мардону] занони покдоманро [ба зино] муттаҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид [бар иддаои худ] намеоваранд, ононро ҳаштод тозиёна бизанед ва ҳаргиз шаҳодаташонро [дар ҳеҷ мавриде] напазиред ва инонанд, ки нофармонанд

24:5 Магар касоне, ки баъд аз он [туҳмат] тавба кунанд ва [рафтори гузаштаи худро] ислоҳ [-у ҷуброн] намоянд, пас, бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

24:6 Ва касоне, ки ҳамсарони худро [ба зино] муттаҳам мекунанд ва ҷуз хештан шоҳиде [бар ин иддао] надоранд, пас, ҳар як аз онон бояд чаҳор бор ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунад, ки ҳатман, рост мегӯяд

24:7 Ва панҷумин бор [шавҳар бигӯяд], ки лаънати Аллоҳ таоло бар ӯ бод, агар дурӯғгӯ бошад

24:8 Ва кайфари зан дар сурате бардошта мешавад, ки чаҳор бор ба Аллоҳ таоло савганд ёд кунад, ки он мард ҳатман, дурӯғгӯ аст

24:9 Ва панҷумин бор [бигӯяд], ки хашми Аллоҳ таоло бар ӯ бод, агар [шавҳараш] рост гуфта бошад

24:10 Ва [эй мардум] агар бахшиши Аллоҳ таоло ва раҳматаш бар шумо набуд ва ин ки Аллоҳ таоло тавбапазири ҳаким аст [ҳатман, гирифтори азоб мешудед]