>

Маркази тарҷумаи Равод — 35

2:220 Дар бораи дунё ва охират [бияндешед]; ва [эй паёмбар] аз ту дар мавриди [чигунагии сарпарастиашон бар] ятимон мепурсанд; бигӯ: "Ислоҳи [кору парҳез аз дахолат дар амволи] онон беҳтар аст; ва агар бо [ҷамъ кардани амволи онон бо дороии худ дар нафақаҳои зиндагӣ ва маскан бо] онон ҳамзистӣ кунед, [эроде дар ин кор нест; зеро] онҳо бародарони [динии] шумо ҳастанд". Ва Аллоҳ таоло табаҳкорро аз дурусткор бозмешиносад; ва агар Аллоҳ таоло мехост, [дар мавриди ятимон сахтгирӣ мекард ва] шуморо ба заҳмат меандохт. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст

2:221 Ва [эй муъминон] бо занони мушрик то имон наёвардаанд, издивоҷ накунед; ва бе гумон канизи муъмин, аз зани [озоди] мушрик беҳтар аст; агарчи [зебоӣ ё дороиаш] мавриди писандатон воқеъ гардад; ва [занони мусулмонро] ба издивоҷи мардони мушрик дарнаёваред, магар он ки имон биёваранд; ва ҳатман бардаи муъмин аз марди [озоди] мушрик беҳтар аст; агарчи шефтаи [дороӣ ва мавқеияти] ӯ шуда бошед. Онон ба сӯйи оташ [-и дузах] даъват мекунанд ва Аллоҳ таоло ба фармон [ва тавфиқ]-и хеш ба сӯйи биҳишт ва омурзиш даъват мекунанд ва оёт [-у аҳкоми] худро барои мардум равшан месозад; бошад, ки панд гиранд

2:222 Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи ҳайз [одати моҳонаи занон] мепурсанд, бигӯ: "Он [ҳолат] навъи нороҳатӣ аст; пас, дар ҳолати қоидагӣ аз занон канорагирӣ кунед ва бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд. Пас, ҳангоме ки пок шуданд [ва ғусл карданд], аз ҳамон ҷойе, ки Аллоҳ таоло ба шумо фармон додааст, бо эшон омезиш кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло тавбакунандагонро дӯст медорад ва покизагонро [низ] дӯст медорад"

2:223 Занони шумо [дар ҳукми] киштзоре барои шумо ҳастанд, пас, ҳар гуна ки мехоҳед ба киштзори худ дароед ва [тӯшае ҳамчун фарзанди солеҳ] барои худ пеш бифиристед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Ӯро мулоқот хоҳед кард ва [эй паёмбар, дар бораи неъматҳои илоҳӣ] ба муъминон башорат бидеҳ

2:224 Ва Аллоҳро дастовези савгандҳои худ қарор надиҳед, то [ба ин баҳона] аз накукорӣ ва парҳезкориву оштӣ додан миёни мардум [даст бардоред]; ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло шунавову доност