>

Маркази тарҷумаи Равод — 349

23:105 [Ба онон гуфта мешавад] «Магар на ин буд, ки оётам бар шумо хонда мешуд ва онҳоро дурӯғ меангоштед?»

23:106 [Дар посух] Мегӯянд: «Парвардигоро, бадбахтӣ бар мо чира шуд ва гурӯҳе гумроҳ будем

23:107 Парвардигоро, моро аз ин [дузах] берун овар. Пас, агар [ба куфру нофармонӣ] бозгаштем, ҳатман, ситамгорем»

23:108 [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Дар он [оташ] гум шавед ва бо Ман сухан нагӯед

23:109 Гурӯҳе аз бандагонам мегуфтанд: «Парвардигоро, имон овардем, пас, моро бибахшо ва бар мо раҳм кун, [ки] бе тардид, Ту беҳтарин бахшояндаӣ»

23:110 Вале шумо ононро масхара мекардед, то ҷойе, ки [саргарм шудан ба тамасхури эшон] зикр [-у ибодати] Маро аз ёдатон бурд ва ҳамчунон ба онон механдидед

23:111 Имрӯз Ман ононро аз он ҷиҳате, ки шикебоӣ карданд, подош медиҳам. Оре, эшонанд, ки растагоранд»

23:112 [Аллоҳ таоло ба дузахиён] Мегӯяд: «Чанд сол дар замин ба сар бурдед»?

23:113 Мегӯянд: «Як рӯз ё бахше аз як рӯзро ба сар бурдем. Аз ҳисобгарон [ки ҳисоби рӯзу солро нигаҳ медоранд] бипурс»

23:114 Ӯ мегӯяд: «[Оре] Агар медонистед, ҷуз андаке [дар дунё] ба сар набурдед

23:115 Оё пиндоштаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯйи Мо бозгардонида намешавед?

23:116 Пас, баландмартаба [ва бузург] аст Аллоҳ таоло [ки] фармонравои ҳақ аст. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест [ва] Парвардигори Арши гаронқадр аст

23:117 Ва ҳар ки бо Аллоҳ таоло маъбуди дигареро бихонад, яқинан, ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нахоҳад дошт ва ҳисоби ӯ бо Парвардигораш хоҳад буд. Бе тардид, кофирон растагор намешаванд

23:118 Ва [эй Паёмбар] бигӯ: «Парвардигоро, [гуноҳонамро] бибахшой ва раҳм кун ва Ту беҳтарин бахшандаӣ»