Маркази тарҷумаи Равод — 348
23:90 [Чунин нест, ки кофирон гумон мекунанд] Балки Мо ҳақро барояшон овардем ва яқинан, онон дурӯғгӯ ҳастанд
23:91 Аллоҳ таоло ҳаргиз фарзанде барнагузидааст ва ҳеҷ маъбуде бо Ӯ нест. [Агар чунин буд] Он гоҳ ҳар маъбуде он чиро офарида буд, [бо худ] мебурд ва мусалламан, бархе бар бархе дигар бартарӣ меҷустанд [ва низоми ҳастӣ табоҳ мегашт]. Аллоҳ таоло аз он чи [мушрикон] тавсиф мекунанд, муназзаҳ аст
23:92 Ӯ донои ниҳону ошкор аст ва аз он чи бо Вай шарик месозанд, бартар аст
23:93 Бигӯ: «Парвардигоро, агар он [азобе]-ро, ки ба онон ваъда дода мешавад, ба ман нишон медиҳӣ [ки шоҳидаш бошам],
23:94 Пас, Парвардигоро маро дар [ҳангоми азоб дар канори ин] гурӯҳи ситамгор қарор мадеҳ»
23:95 Ва ҳатман, Мо тавоноем, ки он чиро ба онон ваъда медиҳем, ба ту нишон диҳем
23:96 [Эй Паёмбар] бадиро ба шевае, ки беҳтар аст, дафъ кун [ва бубахшу шикебо бош]. Мо ба он чи [мушрикон дар бораи ту] тавсиф мекунанд, донотарем
23:97 Ва бигӯ: «Парвардигоро, ман аз васвасаҳои шаётин ба Ту паноҳ мебарам
23:98 Ва Парвардигоро, аз ин ки онҳо назди ман ҳозир шаванд, [низ] ба Ту паноҳ мебарам»
23:99 [Кофирон пайваста бар ақидаи ботилашон ҳастанд] То ҳангоме ки марги яке аз онон фаро расад, [он гоҳ дар ҳоле ки] назди Парвардигори [худ нолаву зорӣ мекунад, ба фариштагон] мегӯяд: «Маро [ба дунё] бозгардонед
23:100 Шояд дар он чи [кӯтоҳӣ намуда ва] тарк кардам, кори шоистае анҷом диҳам». Ҳаргиз чунин нест. Бе тардид, ин фақат сухане аст, ки ӯ ба забон мегӯяд [ва ҳаргиз рафтораш тағйир намекунад] ва рӯзе, ки барангехта шаванд, пушти сарашон барзахест
23:101 Рӯзе, ки дар сур дамида мешавад, ҳеҷ як аз [ ифтихороти хонаводагӣ ва] пайвандҳои хешовандӣ миёнашон [барқарор] нахоҳад буд ва [аз ваҳшати азоб] аз [ҳоли] якдигар намепурсанд
23:102 Ва ҳар ки вазнаи аъмолаш сангин бошад, ононанд, ки растагоранд
23:103 Ва ҳар ки вазнаи аъмолаш сабук бошад, ононанд, ки ба хеш зиён задаанд ва дар дузах ҷовидонанд
23:104 Оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар он ҷо рӯйтурш ва зиштманзаранд