Маркази тарҷумаи Равод — 347
23:75 Агар ба онон раҳм кунем ва балову ранҷеро, ки [аз қаҳтӣ ва гуруснагӣ] дидаанд, аз эшон бартараф созем, бар саркашӣ [ва гумроҳии] хеш пофишорӣ мекунанд [ва ҳамчунон] ба бероҳа мераванд
23:76 Дар ҳақиқат, [Мо] ононро ба азоб [-у бало] гирифтор сохтем [то бедор шаванд], аммо дар баробари Парвардигорашон фурӯтанӣ нанамуданд ва [ба даргоҳаш тазарруъ ва] зорӣ накарданд
23:77 [Онон пайваста чунин ҳастанд] То он гоҳ ки даре аз азоби сахт бар онон мекушоем [ва чунон гирифтор шаванд], ки [аз ҳама ҷо] маъюс гарданд
23:78 [Эй мункирони қиёмат] Аллоҳ таоло аст, ки барои шумо гӯшу чашм ва дил падид овард. Чи андак сипос мегузоред!
23:79 Ва Ӯст, ки шуморо дар замин [офарид ва] пароканда кард ва [рӯзи қиёмат] ба сӯйи Ӯ ҷамъ мешавед
23:80 Ва Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва ихтилофи шабу рӯз аз тадбири Ӯст. Оё намеандешед?
23:81 [Чунин накарданд] Балки онон низ ҳамон [суханонеро] гуфтанд, ки пешиниён мегуфтанд
23:82 Гуфтанд: «Оё ҳангоме ки мурдему хоку устухон шудем, барангехта хоҳем шуд?
23:83 Бе тардид, ин ваъдаро пеш аз ин низ ба мо ва ниёгонамон додаанд. Ин [сухан чизе] нест, магар [дурӯғҳо ва] афсонаҳои пешиниён»
23:84 [Эй Паёмбар, ба мункирони меод] бигӯ: «Агар медонед, [бигӯед], замин ва ҳар ки дар он аст, аз они кист?»
23:85 Хоҳанд гуфт: «[Ҳама] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, оё панд намегиред?»
23:86 Бигӯ: «Парвардигори ҳафт осмон ва Парвардигори Арши бузург кист?»
23:87 Хоҳанд гуфт: «[Ҳама] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?»
23:88 Бигӯ: «Агар медонед, [бигӯед] фармонравоии ҳама чиз ба дасти кист? Ва [кист, ки] паноҳ медиҳад ва касе дар баробари [азоби] ӯ паноҳ надорад?»
23:89 Хоҳанд гуфт: «[Фармонравоии ҳама чиз] Аз они Аллоҳ таоло аст». Бигӯ: «Пас, чи гуна афсун мешавед [ва намеандешед]?»