Маркази тарҷумаи Равод — 346
23:60 Ва касоне, ки дар анҷоми корҳои хайр мекӯшанд ва аз ин ки ба сӯйи Парвардигори хеш бозмегарданд, [ва аз ин ки корҳои некашон мақбули даргоҳи ҳақ воқеъ нашавад] дилҳояшон ҳаросон аст
23:61 Инон дар некиҳо шитоб мекунанд ва дар анҷоми он [аз якдигар] пешӣ мегиранд
23:62 Ва [Мо] ба ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунем ва назди Мо китобест, ки [дар бораи аъмоли бандагон] ба ҳақ сухан мегӯяд ва ба онон ситам намешавад
23:63 [На] Балки дилҳояшон аз ин [китоб] дар ғафлат аст ва онон ба ҷуз ин [гуноҳи куфр] корҳое [дигар низ] анҷом медиҳанд
23:64 То ҳангоме ки сарватмандонашонро ба азоб гирифтор кунем, ногаҳон фарёди зорӣ сар медиҳанд
23:65 [Ба онон гуфта мешавад] «Имрӯз нола ва зорӣ накунед, [ки] ҳаргиз аз сӯйи мо ёрӣ нахоҳед шуд
23:66 Бе тардид, оёти Ман пайваста бар шумо хонда мешуд, вале [аз ҳақ] рӯй мегардонед
23:67 Дар ҳоле ки дар баробараш такаббур мекардед [ва дар маҷолиси шабонаи худ] ба бадгӯӣ мепардохтед
23:68 Оё онон дар ин гуфтор [Қуръон] наяндешидаанд ё [магар] чизе барояшон омада, ки барои ниёгонашон наёмадааст?
23:69 Ё паёмбарашонро нашинохтаанд ва [аз ин рӯст, ки] инкораш мекунанд
23:70 Ё мегӯянд, ӯ ҷунун дорад? [На, чунин нест] Балки [ӯ дини] ҳақро барояшон овардааст, вале бештарашон аз [пазириши] ҳақ нохушнуданд
23:71 Агар Аллоҳ таоло аз ҳавасҳои онон пайравӣ кунад [ва умури ҳастӣ ба майли кофирон идора шавад], осмонҳо ва замин ва ҳар ки дар онҳост, табоҳ мегардад, балки барои онон пандашон [Қуръон]-ро овардаем [ки мояи иззату шарафашон аст], вале онон аз пандашон рӯйгардонанд
23:72 [Эй Паёмбар] Оё ту аз онон [барои таблиғи дин] подоше металабӣ? Ва ҳол он ки подоши Парвардигорат [басе] беҳтар аст ва Ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст
23:73 Ва бе тардид, ту ононро ба роҳе рост даъват мекунӣ
23:74 Касоне, ки ба охират имон надоранд, ҳатман аз ин роҳи [рост] мунҳариф шудаанд