>

Маркази тарҷумаи Равод — 345

23:43 Ҳеҷ уммате на аз аҷали худ пешӣ мегирад ва на таъхир мекунад

23:44 Сипас паёмбарони худро паёпай фиристодем. Ҳар гоҳ паёмбаре барои [ҳидояти] уммате меомад, ӯро дурӯғгӯ меангоштанд, пас, [Мо низ] ононро яке пас аз дигаре ҳалок кардем ва ононро достонҳо [-и ибратомӯзе барои ояндагон] қарор додем. Пас, нобуд бод, қавме, ки имон намеоваранд!

23:45 Сипас Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти [нуҳгонаи] хеш ва далоили ошкор фиристодем

23:46 Ба сӯйи Фиръавн ва ашрофи [қавми] ӯ, вале онон гарданкашӣ карданд ва гурӯҳе бартарихоҳ буданд

23:47 Ва гуфтанд: «Оё ба ду инсони монанди худ имон биёварем, ҳол он ки қавмашон бардагони мо ҳастанд?»

23:48 Пас он дуро дурӯғгӯ ангоштанд, [ва] саранҷом ҳалок шуданд

23:49 Ва бе тардид, ба Мӯсо китоби [Таврот] додем, бошад, ки [Бани Исроил] ҳидоят шаванд

23:50 Ва писари Марям ва модарашро нишонае [аз қудрати илоҳӣ] карор додем ва ононро дар маконе баланд ва ҳамворе, ки дорои амният ва обе [зулолу] ҷорӣ буд, ҷой додем

23:51 Эй паёмбарон, аз [ғизоҳои] покиза бихӯред ва кори шоиста анҷом диҳед. Яқинан, ман ба он чи мекунед, огоҳам

23:52 Ва дар ҳақиқат, ин дини шумо дини воҳид [ба номи ислом] аст ва ман Парвардигоратон ҳастам. Пас, аз ман парво кунед [битарсед]

23:53 Аммо [пайравонашон ихтилоф карданд ва] дар кори динашон миёни худ фирқа-фирқа ва пароканда гаштанд ва ҳар гурӯҳе ба он чи наздашон аст, дилхушанд [чаро ки худро бар ҳақ медонанд]

23:54 Пас, [эй Паёмбар] ононро то вақте [ки азоб фаро мерасад] дар ҷаҳлу нодонишон раҳо кун

23:55 Оё гумон мекунанд, он чи аз сарвату фарзандон, ки ба онон медиҳем,

23:56 [барои ин аст, ки] шитобон некиҳоро ба эшон бирасонем? [На, ҳаргиз чунин нест] Балки онон [ҳақиқатро] дарнамеёбанд

23:57 Касоне, ки аз бими Парвардигорашон тарсонанд

23:58 Ва касоне, ки ба оёти Парвардигорашон имон меоваранд

23:59 Ва касоне, ки ба Парвардигорашон ширк намеварзанд