>

Маркази тарҷумаи Равод — 344

23:28 Пас, ҳангоме ки ту ва ҳамроҳонат бар киштӣ савор шудед, бигӯ: «Сипос махсуси Аллоҳ таоло аст, ки моро аз [чанги] гурӯҳи ситамгор наҷот дод»

23:29 Ва [низ] бигӯ: «Парвардигоро, моро дар манзилгоҳе пурбаракат фуруд овар, ки Ту беҳтарин фурудоварандаӣ»

23:30 Бе тардид, дар ин [моҷаро] нишонаҳое [аз қудрати Аллоҳ таоло дар наҷоти муъминон ва азоби кофирон] аст ва яқинан, Мо озмоишгар [-и имон ва куфри мардум] будаем

23:31 Он гоҳ гурӯҳи дигареро пас аз онон падид овардем

23:32 Ва аз худашон паёмбаре дар [миёни] онон фиристодем [то бигӯяд]: «Аллоҳро бипарастед, [ки] ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Оё парво намекунед?»

23:33 Гурӯҳе аз ашроф ва бузургони қавмаш, ки куфр варзида буданд ва дидори охиратро дурӯғ меангоштанд ва дар зиндагии дунё ба онон неъмату осоиш дода будем, гуфтанд: «Ин [мард касе] нест, магар башаре ҳамчун шумо. Аз он чи [шумо] мехӯред, [ӯ низ] мехӯрад ва аз он чи ки шумо менӯшед, [ӯ низ] менӯшад [пас, бартарие надорад, ки паёмбар бошад]

23:34 Ва агар аз башаре ҳамчун худ итоат кунед, дар он сурат яқинан, зиёнкоред

23:35 Оё ӯ ба шумо ваъда медиҳад, ки вақте мурдед ва хоку устухон шудед, [дар қиёмат аз гӯр] берун оварда мешавед?

23:36 Он чи ба шумо ваъда медиҳад, чи дур аст, чи дур!

23:37 [Зиндагонӣ] Ҷуз ҳамин зиндагии дунёии мо нест. [Гурӯҳе] Мемирем [ва гурӯҳе ба ҷойи онҳо] зинда мешавем ва ҳаргиз [пас аз марг] барангехта нахоҳем шуд

23:38 Ӯ [касе] нест, магар мардест, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебандад ва мо ба ӯ имон намеоварем»

23:39 Паёмбарашон] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун»

23:40 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас аз андак замоне, [аз кори худ] сахт пушаймон мешаванд»

23:41 Пас, бонг [-и маргбор]-е ононро ба ҳақ фуру гирифт ва [ҳамчун] хору хошокашон намудем. Пас, қавми ситамгор [аз раҳмати Аллоҳ таоло] дур бод!

23:42 Сипас баъд аз онон наслҳое дигар падид овардем