>

Маркази тарҷумаи Равод — 343

23:18 Ва аз осмон ба андозае муайян [барои ниёзи махлуқот] обе фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва ҳатман, барои аз байн бурданаш [низ] комилан тавоноем

23:19 Сипас тавассути он [об] бароятон боғҳое аз дарахтони хурмо ва ангур падид овардем, ки дар он [боғҳо] барои шумо меваҳое бисёре аст ва аз он [маҳсулот] мехӯред

23:20 Ва дарахте [офаридем], ки аз Тӯри Сино бармеояд ва равғани [зайтун] медиҳад ва хӯрише барои хӯрандагон аст

23:21 Ва бе тардид, барои шумо дар [вуҷуди] чаҳорпоён ибрате [аз қудрати Аллоҳ таоло] аст: аз он чи дар шиками онҳост ба шумо [шир] менӯшонем ва дар [вуҷуди] онҳо бароятон судҳои бисёре вуҷуд дорад ва аз [гӯшти] онҳо мехӯред

23:22 [Дар хушкӣ] Бар онҳо савор мешавед ва [дар об] бар киштиҳо

23:23 Ва бе тардид, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем, пас, [ба онон] гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳро бипарастед [ки] ҷуз Ӯ маъбуде [ба ҳақ] надоред. Оё парво намекунед?»

23:24 Пас, ашроф ва бузургони қавмаш, ки куфр варзида буданд, гуфтанд: «Ин [мард касе] нест, магар башаре ҳамчун шумо, [ки] мехоҳад бар шумо бартарӣ ҷӯяд. Агар Аллоҳ таоло мехост, фариштагоне [ба сӯятон] нозил мекард. Мо инро [ки Нуҳ мегӯяд] дар миёни ниёгони худ нашнидаем

23:25 Ӯ марди девонае беш нест. Пас, то муддате мунтазир бошед [ки ё дурӯғаш ошкор гардад ва даст аз даъваташ бардорад ё маргаш фаро расад]

23:26 [Нуҳ] Гуфт: «Парвардигоро, маро дар баробари такзиби онон ёрӣ кун»

23:27 Пас, ба ӯ ваҳй кардем: «Киштиро таҳти назари Мо ва ба ваҳйи Мо бисоз ва ҳангоме ки фармони [азоби] Мо фаро расад ва [ба нишонаи расидани тӯфон об аз] танӯр ҷӯшад, аз ҳар навъи [ҳайвон] як ҷуфти [нару мода] дар киштӣ савор кун ва хонаводаатро [низ ҳамроҳи худ бубар], магар касоне, ки пештар ваъда [-и ҳалок] бар онон муқаррар шудааст ва дар бораи [наҷоти] касоне, ки ситам кардаанд, бо Ман сухан нагӯ, [чаро ки] онон ҳатман, ғарқ хоҳанд шуд