Маркази тарҷумаи Равод — 342
23:1 Ба ростӣ, ки муъминон растагор шуданд
23:2 Ҳамон касоне, ки дар намозашон фурӯтан ҳастанд
23:3 Ва онон, ки аз [гуфтору рафтори] беҳуда рӯйгардонанд
23:4 Ва онон, ки закот мепардозанд
23:5 Ва онон, ки шармгоҳашонро ҳифз мекунанд
23:6 Магар дар мавриди ҳамсарон ё канизонашон, ки [дар баҳрагирии ҷинсӣ аз онҳо] накуҳише бар онон нест
23:7 Пас, ҳар ки фаротар аз ин бихоҳад, ононанд, ки аз ҳад даргузаштаанд
23:8 Ва [дар зумраи муъминонанд] касоне, ки амонатҳо ва аҳди худро риоят мекунанд
23:9 Ва касоне, ки бар [адои] намозҳояшон муроқибат мекунанд
23:10 Инонанд, ки ворисон ҳастанд
23:11 [Ҳамон] Касоне, ки биҳишти баринро ба ирс мебаранд [ва] дар он ҷовидонанд
23:12 Ва дар ҳақиқат, инсонро аз чакидае аз гил офаридем
23:13 Сипас ӯро ба шакли нутфае дар қароргоҳе устувор [раҳим] ниҳодем
23:14 Сипас нутфаро [Ба шакли] хуни баста сохтем ва он гоҳ хуни бастаро [ба сурати] порагӯште сохтем, сипас порагӯштро [ба шакли] устухон даровардем ва он гоҳ бар устухонҳо гӯшт пӯшонидем. Сипас он [ҷанин]-ро офаринише дигар бахшидем. Пас, [пурбаракату] бузургвор аст Аллоҳ таоло, ки накутарин офаринанда аст
23:15 Сипас шумо [пас аз тайи мароҳили зиндагӣ] ҳатман, хоҳед мурд
23:16 Он гоҳ бе тардид, дар рӯзи қиёмат барангехта мешавед
23:17 Ва ба яқин Мо бар фарозатон ҳафт осмон офаридем ва [ҳаргиз] аз офариниш ғофил набудаем