Маркази тарҷумаи Равод — 341
22:73 Эй мардум, [дар бораи нотавонии бутҳо] масале зада шудааст, пас, ба он гӯш диҳед: Касонеро, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба парастиш] мехонед, ҳаргиз наметавонанд магасеро биёфаринанд, ҳатто агар [ҳамагӣ] барои ин [кор] ҷамъ шаванд. Ва агар он магас чизе аз онон бирабояд, наметавонанд онро бозпас гиранд. [Оре] Хостор ва хоста [бут ва магас] ҳар ду нотавонанд
22:74 [Онон] Аллоҳро чунон ки сазовори [бузургдошти] Ӯст, нашинохтаанд. Бе тардид, Аллоҳ таоло неруманди шикастнопазир аст
22:75 Аллоҳ таоло аз миёни фариштагон фиристодагоне [барои иблоғи ваҳй ба паёмбарон] бармегузинад ва аз миёни инсонҳо низ [паёмбароне барои расонидани паёми илоҳӣ ба мардум интихоб мекунад]. Бе тардид, Аллоҳ таоло шунавои биност
22:76 Ӯ оянда ва гузаштаи ононро медонад ва [ҳамаи] корҳо ба Аллоҳ таоло бозгардонда мешавад
22:77 Эй касоне, ки имон овардаед, рукуъ кунед ва саҷда гузоред ва Парвардигоратонро бипарастед ва кори нек анҷом диҳед, бошад, ки растагор шавед
22:78 Ва дар роҳи Аллоҳ таоло – чунон ки сазовори ҷиҳод [дар роҳи] Ӯст – ҷиҳод кунед. Ӯ шуморо баргузид ва дар дин бароятон ҳеҷ сахтӣ [ва тангное] қарор надод. Оини падаратон Иброҳим [низ чунин буд]. Ӯ [Аллоҳ таоло] пеш аз ин [дар китобҳои осмонии гузашта] ва дар ин [Қуръон] шуморо мусулмон номид, то паёмбар бар [иблоғи паёмаш ба] шумо гувоҳ бошад ва шумо [низ] бар мардум гувоҳ бошед [ки ҳамаи паёмбарон паёми илоҳиро ба қавми худ расонидаанд]. Пас, намоз барпо доред ва закот бипардозед ва ба Аллоҳ таоло паноҳ бибаред [ва бар Ӯ таваккал кунед], ки Ӯ [дӯсту] корсози шумост. Пас, чи наку корсозу чи нек ёварест!