Маркази тарҷумаи Равод — 340
22:65 Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло он чиро дар замин аст, ба хидмати шумо гумоштааст ва киштиҳо ба фармонаш дар дарё равонанд ва осмонро нигаҳ медорад, ки ҷуз ба иҷозати Ӯ бар замин наафтад. Бе тардид, Аллоҳ таоло [нисбат] ба мардум дилсӯзи меҳрубон аст
22:66 Ва Ӯст, ки шуморо зинда кард, сипас мемиронад ва он гоҳ [бори дигар] зинда мекунад. Ба ростӣ, ки инсон [нисбат ба неъматҳои илоҳӣ] бисёр носипос аст
22:67 Барои ҳар уммате оине муқаррар кардаем, ки ба он амал кунанд, пас, [эй паёмбар, пайравони соири адён] набояд бо ту дар ин амр ситез кунанд. Ба роҳи Парвардигорат даъват кун, [чаро ки] ту яқинан, бар [оини дуруст ва] роҳи рост қарор дорӣ
22:68 Ва агар [дар бораи ҳаққонияти дин] бо ту муҷодала карданд, пас, бигӯ: «Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, донотар аст
22:69 Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат дар мавриди он чи дар борааш ихтилоф мекардед, миёнатон доварӣ мекунад»
22:70 Оё надонистаӣ, ки Аллоҳ таоло он чиро дар осмон ва замин аст медонад? Бе гумон [ҳамаи] инҳо дар китобе [сабт] аст. Мусалламан, ин [кор] бар Аллоҳ таоло осон аст
22:71 Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизеро мепарастанд, ки ҳеҷ далеле бар [ҳаққонияти] он нозил накардааст ва бад-он огоҳӣ [ва шинохте низ] надоранд ва ситамгорон [-и мушрик дар баробари азоби илоҳӣ] ҳеҷ ёрикунандае надоранд
22:72 Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, дар чеҳраи касоне, ки куфр варзидаанд, [осори кароҳат ва] нохушояндӣ мебинӣ. Наздик аст ба касоне, ки оёти Моро барояшон мехонанд, ҳамлавар шаванд. [Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Оё шуморо ба бадтар аз ин [ки дар интизоратон аст] хабар диҳам? Оташ [-и дузах] аст, ки Аллоҳ таоло онро ба касоне, ки куфр варзиданд, ваъда додаст ва чи бад саранҷомест!»