Маркази тарҷумаи Равод — 34
2:216 [Эй муъминон] Ҷиҳод [дар роҳи Аллоҳ таоло] бар шумо воҷиб шудааст, дар ҳоле ки барои шумо нохушоянд аст [зеро харҷи молӣ ва ҷонӣ дорад]. Чи басо чизеро хуш надошта бошед, ҳол он ки бароятон беҳтар аст ва чи басо чизеро дӯст дошта бошед, ҳол он ки бароятон бад аст; ва Аллоҳ таоло [хайру шарри корҳоро] медонад ва шумо намедонед
2:217 [Эй паёмбар] Аз ту дар бораи ҷанг дар моҳи ҳаром [Муҳаррам, Раҷаб, Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа] мепурсанд, бигӯ: "Ҷанг дар он [моҳҳо гуноҳи] бузург аст ва боздоштан аз роҳи Аллоҳ таоло ва куфр варзидан ба Ӯ ва [ҷилавгирӣ аз вуруди мардум ба] Масҷид-ул-ҳаром ва берун рондани аҳлаш аз он ҷо назди Аллоҳ таоло [гуноҳи] бузургтар аст ва фитна [-и ширк] аз қатл бузургтар аст". Ва [эй муъминон, мушрикон] ҳамвора бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд шуморо аз динатон баргардонанд; ва ҳар як аз шумо, ки аз динаш бозгардад ва дар ҳоли куфр бимирад, аъмолаш дар дунё ва охират табоҳ мегардад ва онон аҳли оташанд ва ҳамеша дар он хоҳанд буд
2:218 Касоне, ки имон оварданд ва касоне, ки [барои барпоии дини ҳақ] ҳиҷрат намуданд ва дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод карданд, онон ба раҳмати Аллоҳ таоло умедворанд ва Аллоҳ таоло [нисбат ба эшон] омурзандаи меҳрубон аст
2:219 [Эй паёмбар, асҳобат] аз ту дар бораи шароб ва қимор мепурсанд, бигӯ: "Дар он ду гуноҳи бузург ва [низ] судҳое барои мардум вуҷуд дорад, вале гуноҳи он ду аз судашон [бештар ва] бузургтар аст"; ва аз ту мепурсанд, чӣ чизе инфоқ кунанд, бигӯ: "Он чӣ афзун ояд [аз ниёзмандии худ]. Аллоҳ таоло оётро инчунин барои шумо равшан месозад; бошад, ки бияндешед"