>

Маркази тарҷумаи Равод — 339

22:56 Дар он рӯз фармонравоӣ аз они Аллоҳ таоло аст [ва] миёни онон доварӣ мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт] ҳастанд

22:57 Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти Моро дурӯғ ангоштанд, азоби хоркунандае [дар пеш] доранд

22:58 Ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло ҳиҷрат карданд, сипас кушта шуданд ё вафот карданд, яқинан Аллоҳ таоло ба онон рӯзии накуе медиҳад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло беҳтарин рӯзидиҳанда аст

22:59 Бе тардид, ононро ба ҷойгоҳе ворид мекунад, ки аз он хушнуд бошанд ва ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло донои бурдбор аст

22:60 Ин аст [ҳукми илоҳӣ дар бораи кофир ва муъмин] ва ҳар кас ба ҳамон миқдор, ки ба ӯ ситам шудааст, муҷозот кунад, сипас [боз] мавриди ситам қарор гирад, Аллоҳ таоло ёриаш хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло бахшандаи омурзанда аст

22:61 Ин [ёрии мазлумон] аз он рӯст, ки Аллоҳ таоло [бар ҳар коре тавоност; чунон ки] шабро дар рӯз мекашонад ва рӯзро дар шаб дармеоварад; ва бе тардид, Аллоҳ таоло шунавои биност

22:62 Ин бад-он сабаб аст, ки Аллоҳ таоло ҳақ аст ва он чиро, ки [мушрикон] ҷуз ӯ мехонанд, [ҳама] ботил аст ва Аллоҳ таоло баландмартабаи бузург аст

22:63 Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло аз осмон обе фурӯ фиристод ва замин [бар асари он хурраму] сарсабз мегардад? Бе тардид, Аллоҳ таоло борикбини огоҳ аст

22:64 Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст