>

Маркази тарҷумаи Равод — 337

22:39 Ба касоне, ки [мушрикон] бо онон ҷангидаанд, иҷозат [-и ҷиҳод] дода шудааст, чаро ки ситам дидаанд ва яқинан, Аллоҳ таоло бар ёриашон тавоност

22:40 [Ҳамон] Касоне, ки ба ноҳақ аз диёрашон ронда шуданд, [ва гуноҳе надоштанд] ҷуз ин ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ таоло аст». Ва агар Аллоҳ таоло [зулму куфри] бархе аз мардумро ба василаи бархе дигар дафъ намекард, савмааҳо[-и роҳибон] ва маобид [-и масеҳиён] ва ибодатгоҳҳо [-и яҳудиён] ва масоҷиде, ки номи Аллоҳ таоло дар онон бисёр бурда мешавад, ҳатман, вайрон мегардид. Ва Аллоҳ таоло касеро, ки [дини] Ӯро ёрӣ диҳад, яқинан, ёрӣ мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло қудратманди шикастнопазир аст

22:41 [Ҳамон] Касоне, ки ҳар гоҳ дар замин ба онон қудрат [ва ҳукумат] бибахшем, намоз барпо медоранд ва закот мепардозанд ва [мардумро] ба некӣ фармон медиҳанд ва аз нописанд бозмедоранд. Ва саранҷоми корҳо аз они Аллоҳ таоло аст

22:42 [Эй Паёмбар] Агар [ин қавми бутпараст] туро дурӯғгӯ меангоранд, [шикебо бош] ҳатман, пеш аз онон қавми Нуҳ ва Од ва Самуд [низ паёмбаронашонро] дурӯғгӯ меангоштанд

22:43 Ва [ҳамчунин] қавми Иброҳим ва қавми Лут

22:44 Ва асҳоби Мадян [Шуайбро дурӯғгӯ медонистанд] ва Мӯсо [низ тавассути фиръавниён] дурӯғгӯ хонда шуд. Пас, ба кофирон муҳлат додам, он гоҳ ононро [ба азоб] фурӯ гирифтам. Пас, [бингар, ки натиҷаи] инкори [оёт ва муҷозоти] Ман чи гуна бувад

22:45 Чи бисёр шаҳрҳоеро, ки [чун мардумаш кофиру] ситамгор буданд, нобудашон кардем ва [инак] сақфҳояш фурӯ рехтааст ва чи бисёр чоҳ [-ҳо]-и матрук ва қаср [-ҳо]-и устувор [ва бошукӯҳ, ки сокинонашро аз азоби илоҳӣ наҷот надод]

22:46 Оё онон дар замин гардиш накардаанд, то дилҳое дошта бошанд, ки [ҳақиқатро] бо он дарёбанд ё гӯшҳое, ки [ахбори гузаштагонро] бо он бишнаванд? Ба ростӣ, танҳо чашмҳо нест, ки нобино мегардад, балки дилҳое, ки дар синаҳост [бебасират гашта ва барои дидани ҳақ] нобино мешавад