>

Маркази тарҷумаи Равод — 336

22:31 Дар ҳоле ки [бандаи мухлиси Аллоҳ таоло ва] ҳақгаро бошед ва ба Ӯ ширк наварзед ва ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк варзад, чунон аст, ки гӯӣ аз осмон фурӯ афтад ва мурғони [шикорӣ] вайро бирабоянд ва бод ӯро ба ҷойе дур бияндозад

22:32 [Ҳукми ҳаҷ] Ин аст ва ҳар ки дастурҳои динӣ ва илоҳиро бузург бишморад, яқинан, ин [бузургдошт нишонае] аз парҳезкории дилҳост

22:33 Дар он [чаҳорпоёни вижаи қурбонӣ] то замони муайян [ҳангоми забҳ] барои шумо манофеъ [ва баҳраҳое] аст. Пас, қурбонгоҳи онҳо хонаи куҳани [Каъба] аст

22:34 Ва барои ҳар уммате оине [дар қурбонӣ кардан] қарор додем, то номи Аллоҳро [вақти забҳ] бар чаҳорпоёне, ки рӯзиашон кардааст, зикр кунанд. Пас, маъбуди шумо маъбуди ягона аст. [Ҳама] Дар баробари Ӯ таслим бошед ва [эй паёмбар, хайри дунё ва охиратро] ба фурӯтанон башорат бидеҳ

22:35 [Ҳамон] Касоне, ки чун номи Аллоҳ таоло бурда шавад, дилҳояшон метарсад ва [касоне, ки] дар баробари мусибатҳое, ки ба эшон мерасад, шикебо ҳастанд ва онон, ки намозгузоранд ва аз он чи рӯзишон кардаем, инфоқ мекунанд

22:36 [Қурбонӣ кардани] шутур [ва гов дар мавсими ҳаҷ]-ро барои шумо аз шаоири дин [ва нишонаҳои ибодати Аллоҳ таоло] қарор додем. Дар ин [кор] бароятон хайр [-у баракат] аст. Пас, [ҳангоми қурбонӣ] дар ҳоле ки [шутурон] бар по истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бибаред [ва наҳрашон кунед]. Он гоҳ чун бар хок афтоданд, аз [гӯшти] онҳо бихӯред ва тиҳидастони обрӯманд ва гадоёнро низ таом диҳед. Онҳо [чаҳорпоён]-ро инчунин ба хидмати шумо гумоштем, бошад, ки сипос гузоред

22:37 Гӯшту хуни ин қурбониҳо ҳаргиз ба Аллоҳ таоло намерасад, балки парҳезкории шумост, ки ба Ӯ мерасад. Ӯ онҳоро инчунин ба хидмати шумо гумошт, то Аллоҳро ба [шукронаи] он ки шуморо ҳидоят кардааст, ба бузургӣ ёд кунед ва накукоронро [ба хайру растагорӣ] башорат бидеҳ

22:38 Аллоҳ таоло аз касоне, ки имон овардаанд, ҳатман, [дар баробари душманонашон] дифоъ мекунад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳеҷ хиёнаткори носипосеро дӯст намедорад