>

Маркази тарҷумаи Равод — 335

22:24 Ва [дар дунё] ба сӯйи гуфтори пок [тавҳиду такбир] ҳидоят мешаванд ва ба роҳи сутуда [ислом] роҳнамоӣ мекарданд

22:25 Бе гумон, касоне, ки куфр варзиданд ва [монанди моҷарои Ҳудайбия мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд [азобе дарднок дар пеш доранд] ва Масҷиду-л-ҳаром, ки онро барои мардум [қибла ва ибодатгоҳ] қарор додем, муқиму мусофир дар он яксонанд ва ҳар ки дар он ҷо бо ситамгорӣ [ва гуноҳ] инҳироф бихоҳад, аз азобе дарднок ба ӯ мечашонем

22:26 Ва [ёд кун аз] он гоҳ ки маҳалли хона [-и Каъба]-ро барои Иброҳим таъйин кардем [ва гуфтем], ки: «Чизеро шарики Ман қарор надеҳ ва хонаамро барои тавофкунандагон ва қиёмкунандагон ва рукуъкунандагон [ва] cаҷдакунандагон пок гардон

22:27 Ва байни мардум барои [адои] ҳаҷ нидо бидеҳ, то пиёда ва [савор] бар ҳар [василаи сафар ё] шутури лоғаре аз ҳар роҳи дуре ба сӯят биёянд

22:28 То шоҳиди манофеи [гуногуни] хеш бошанд ва дар рӯзҳое муайян [ба ҳангоми қурбонӣ] номи Аллоҳро бар чаҳорпоёне, ки ба онон рӯзӣ додаем, ёд кунанд. Пас, аз [гӯшти] он бихӯред ва ба дармондаи тиҳидаст [низ] ғизо бидиҳед

22:29 Сипас бояд олудагиҳояшонро бартараф созанд ва ба назрҳои хеш вафо кунанд ва [гирдогирди] ин хонаи куҳан [Каъба] тавоф кунанд

22:30 [Аҳком ва маносики ҳаҷ] Ин аст ва ҳар ки [муҳаррамот ва] муқаррароти илоҳиро бузург дорад, ин [кор] назди Парвардигораш барои ӯ беҳтар аст ва [эй мардум] чаҳорпоёне барои [масрафи] шумо ҳалол шудааст, магар он чи [ҳукмаш] бар шумо хонда мешавад. Пас, аз бутҳои палид дурӣ кунед ва аз гуфтори ботил [ва дурӯғ] иҷтиноб намоед