>

Маркази тарҷумаи Равод — 333

22:6 Ин [шигифтиҳои хилқат] аз он рӯст, ки [бидонед] Аллоҳ таоло ҳақ аст ва ӯст, ки мурдагонро зинда мекунад ва ӯ бар ҳар коре тавоност

22:7 Ва ин ки қиёмат омаданӣ аст [ва] тардиде дар он нест ва ин ки Аллоҳ таоло [ҳамаи] касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, бармеангезад

22:8 Ва аз мардум касе ҳаст, ки бидуни ҳеҷ дониш ва ҳидоят ва китоби равшанибахше дар бораи Аллоҳ таоло муҷодала мекунад

22:9 [Аз рӯйи такаббур] Сари хеш бармегардонад, то [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло гумроҳ созад. Барои ӯ дар ин дунё расвоӣ ва хорӣ аст ва рӯзи қиёмат [низ] азоби оташи сӯзонро ба ӯ мечашонем

22:10 Ин [кайфар] ба сазои корҳоест, ки аз пеш фиристодааст ва Аллоҳ таоло ҳаргиз нисбат ба бандагон [-и худ] ситамгор нест

22:11 Ва аз [миёни] мардум касе ҳаст, ки Аллоҳро бо тардид мепарастад [ва имонаш заиф аст], пас, агар хайре ба ӯ бирасад, [дилаш] ба он ором мегирад [ва бар имонаш боқӣ мемонад] ва агар балое [барои озмоиш] ба ӯ бирасад, рӯ мегардонад [ва ба куфр бозмегардад]. Ӯ дар дунё ва охират зиён кардааст. Ин ҳамон зиёни ошкор аст

22:12 [Инсони кофир] Ба ҷойи Аллоҳ таоло чизеро мехонад, ки на ба ӯ зиёне мерасонад ва на суде мебахшад. Ин ҳамон гумроҳии дуру дароз аст

22:13 Ӯ касеро мехонад, ки қатъан, зиёнаш наздиктар аз судаш мебошад ва чи бад дӯст ва чи бад ҳамдаме аст!

22:14 Бе тардид, Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста анҷом додаанд, ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ба ростӣ, Аллоҳ таоло он чиро, ки мехоҳад, анҷом медиҳад

22:15 Касе, ки гумон мекунад, ки Аллоҳ таоло ӯ [паёмбар]-ро дар дунё ва охират ҳаргиз ёрӣ нахоҳад кард [ва акнун ҳимояти Аллоҳро мебинад ва хашмгин аст], пас, бояд ресмоне ба сақф [-и хонааш] биёвезад ва [худро дор бизанад, то роҳи нафас]-ро қатъ кунад [ва то сарҳади марг пеш равад], он гоҳ бингарад, ки оё [ин гуна фанду] найранги ӯ хашмашро аз миён мебарад