Маркази тарҷумаи Равод — 330
21:91 Ва [ёд кун аз Марям] зане, ки домани худро пок нигоҳ дошт ва [Мо] аз руҳи хеш дар [вуҷуди] ӯ дамидем ва ӯ ва писарашро барои ҷаҳониён нишонае [аз қудрати илоҳӣ] қарор додем
21:92 [Эй мардум] Ба ростӣ, ин оини шумо оини ягона [ва асосёфта бар яктопарастӣ] аст ва Ман Парвардигоратон ҳастам, пас, Маро бипарастед
21:93 Ва [мардум] миёни худ дар амри [дин]-ашон фирқа-фирқа шуданд; [вале саранҷом] ҳамагӣ ба сӯи Мо бозмегарданд
21:94 Пас, ҳар ки корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, дар баробари кӯшиши ӯ носипосӣ нахоҳад шуд ва Мо корҳояшро менависем
21:95 Ва [мардуми] ҳар шаҳреро, ки [бар асари куфру гуноҳ] нобудаш кардем, маҳол аст, ки [битавонанд ба қасди тавба ба дунё] бозгарданд
21:96 То замоне, ки [садди] Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шавад ва онон аз ҳар баландӣ [ва тепае] шитобон сарозер гарданд
21:97 Ва ваъдаи ҳақ [қиёмат] наздик гардад. Пас, дар он ҳангом чашмҳои касоне, ки куфр варзиданд, [аз шиддати ваҳшат] хира мемонад [ва мегӯянд]: “Эй вой бар мо! Ҳатман, мо аз ин [ҳодиса] дар ғафлат будем! Балки [кофиру] ситамгор будем”
21:98 [Ба онон гуфта мешавад] “Ҳатман, шумо ва он чи ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ҳезуми дузахед, [ва ҳамагӣ] дар он ворид хоҳед шуд”
21:99 Агар ин бутҳо маъбудоне [ба ҳақ] буданд, ҳаргиз вориди он намешуданд ва ҳол он ки ҳамагӣ дар он [азоби сӯзон] ҷовидонанд
21:100 Дар он ҷо нолаҳое [дарднок] доранд ва [аз шиддати дарду тарс] чизе намешунаванд
21:101 Касоне, ки пештар аз ҷониби Мо ба эшон ваъдаи наку [биҳишт] дода шудааст, яқинан, аз он [азоб] дур нигаҳ дошта мешаванд