>

Маркази тарҷумаи Равод — 33

2:211 [Эй паёмбар], аз Бани Исроил бипурс, [ки] чӣ андоза нишонаҳои ошкор ба онҳо додаем; ва касе, ки неъмати Аллоҳро пас аз он ки насибаш шуд, [ба куфру носипосӣ] табдил кунад, [азоби сахте хоҳад дошт ва бояд бидонад, ки] Аллоҳ таоло сахткайфар аст

2:212 Зиндагии дунё барои кофирон ороста шудааст ва муъминонро масхара мекунанд, ҳол он ки парҳезкорон дар рӯзи қиёмат болотар аз онон ҳастанд; [зеро дар биҳишт ҷовидонанд] ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, бешумор рӯзӣ медиҳад

2:213 [Дар оғоз] мардум як уммат буданд [аммо дар амри дин ихтилоф карданд]; он гоҳ Аллоҳ таоло паёмбаронро башоратбахшу бимдиҳанда барангехт ва ҳамроҳ бо онон китоб [-и осмонӣ]-ро ба ҳақ нозил кард, то миёни мардум дар он чи ихтилоф доштанд, доварӣ кунанд; ва фақат касоне, ки Таврот] ба онон дода шуда буд – пас аз он ки нишонаҳои равшан ба онҳо расид – ба хотири ситам ва ҳасодате, ки байнашон буд, дар мавриди он ихтилоф карданд; пас, Аллоҳ таоло ба фармони хеш касонеро, ки имон оварда буданд, ба ҳақиқате, ки дар он ихтилоф доштанд, ҳидоят намуд; ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад

2:214 [Эй муъминон] Оё пиндоштаед, ки вориди биҳишт мешавед, ҳол он ки ҳанӯз монанди он чи бар [сари] пешиниёни шумо омад, бар [сари] шумо наомадааст? Душворӣ ва зиён ба эшон расид ва [он чунон сахтӣ кашиданд ва] ба ларза афтоданд, ки паёмбар ва касоне, ки бо ӯ имон оварда буданд, гуфтанд: "Ёрии Аллоҳ таоло кай фаро хоҳад расид"? Огоҳ бошед! Бе тардид ёрии Аллоҳ таоло наздик аст

2:215 [Эй паёмбар, ёронат] Аз ту мепурсанд, чи чизе инфоқ кунанд, бигӯ: "Ҳар моле, ки инфоқ кардед, барои падару модару наздикон ва ятимону тиҳидастон ва дарроҳмондагон аст ва ҳар кори неке, ки анҷом диҳед, Аллоҳ таоло ба он доност"