Маркази тарҷумаи Равод — 329
21:82 Ва [низ] аз шаётин касонеро [гумоштем], ки барояш ғаввосӣ мекарданд [ва ҷавоҳир меоварданд] ва корҳое ғайр аз ин [низ] анҷом медоданд ва мо муроқиби [рафтор ва теъдоди] онон будем
21:83 Ва Аюбро [ёд кун] он гоҳ ки Парвардигорашро [чунин нидо дод: “Ранҷ [-у беморӣ] ба ман расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ”
21:84 Пас, Мо [дуои] ӯро иҷобат кардем ва ранҷеро, ки ба ӯ расида буд, бартараф сохтем ва хонаводааш ва [низ теъдоде] ҳаммонандашонро ба ҳамроҳи онон ба вай бозгардонидем, [то] раҳмате аз ҷониби Мо ва панде барои парастишгарон бошад
21:85 Ва [ёд кун аз] Исмоил ва Идрис ва Зу-л-кифл, ки ҳамагӣ аз шикебоён буданд
21:86 Ва [Мо] ононро дар раҳмати хеш ворид кардем. Бе тардид, онон аз шоистагон буданд
21:87 Ва [ёд кун аз] Зу-н-нун [Юнус] он гоҳ ки хашмгин [аз миёни қавмаш] рафт ва чунин пиндошт, ки Мо ҳаргиз бар ӯ танг намегирем [ва ба хотири ин кор муҷозоташ намекунем]. Пас, [вақте моҳӣ ӯро фурӯ бурд] дар торикиҳо нидо дод, ки: “[Парвардигоро] Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ту нест. Ту муназзаҳӣ. Бе тардид, ман аз ситамгорон будаам”
21:88 Пас дуояшро иҷобат кардем ва аз андуҳ наҷоташ додем ва муъминонро [низ] ин чунин наҷот медиҳем
21:89 Ва [ёд кун аз] Закариё, он гоҳ ки Парвардигорашро [ин гуна] нидо дод: “Парвардигоро, маро танҳо [ва бефарзанд] магзор ва ту беҳтарин бозмондаӣ [ворисонӣ]”
21:90 Пас, дуояшро иҷобат кардем ва Яҳёро ба ӯ бахшидем ва ҳамсарашро [ки нозо буд] барояш шоиста [ва омодаи бордорӣ] намудем. Онон ҳамвора дар корҳои хайр мешитофтанд ва дар ҳоли биму умед Моро мехонданд ва пайваста барои Мо [фармонбардор ва] фурӯтан буданд