Маркази тарҷумаи Равод — 328
21:73 Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд ва анҷоми корҳои нек ва барпо доштани намоз ва адои закотро ба эшон ваҳй кардем ва онон [ҳама] парастишгари Мо буданд
21:74 Мо ба Лут [иҷозати] қазоват ва илм [-и дин] додем ва ӯро аз шаҳре, ки [сокинонаш] аъмоли зишт [-у палид] анҷом медоданд, наҷот бахшидем. Ба ростӣ, ки онон гурӯҳе палид ва нофармон буданд
21:75 Ва ӯро дар раҳмати худ ворид кардем. Бе гумон, ӯ аз шоистагон буд
21:76 Ва Нуҳро [ёд кун] ҳангоме ки пештар [аз соири паёмбарон моро] нидо дод. Пас, Мо [низ дуои] вайро иҷобат кардем, он гоҳ ӯ ва хонадонашро аз андуҳи бузург наҷот додем
21:77 Ва дар баробари қавме, ки оёти Моро дурӯғ ангошта буданд, ёриаш кардем. Бе тардид, онон гурӯҳи бадкирдоре буданд, пас, ҳамагиашонро ғарқ кардем
21:78 Ва [ёд кун аз] Довуд ва Сулаймон он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ мекарданд, ки гӯсфандони қавм шабона дар он чарида буданд ва Мо бар доварии онон гувоҳ будем
21:79 Пас, он [ҳақиқат]-ро ба Сулаймон фаҳмонидем ва ба ҳар як аз онон паёмбарӣ ва дониш [-и амал ба аҳкоми дин] ато кардем ва кӯҳҳо ва парандагон дар хидмати Довуд гумоштем, ки [ҳамроҳ бо ӯ Парвардигорро] тасбеҳ мегуфтанд ва Мо будем, ки ин [ҳама]-ро анҷом додем
21:80 Ва ба ӯ сохтани зиреҳро омӯхтем, то шуморо аз [осеби] ҷангҳоятон ҳифз кунад. Пас, оё шукр мегузоред?
21:81 Ва тундбодро барои Сулаймон [ба хидмат гумоштем], ки ба фармони ӯ ба сӯйи сарзамине, ки дар он баракат ниҳода будем [Шом], равон буд ва мо бар ҳар чиз доно будем