Маркази тарҷумаи Равод — 327
21:58 Пас [дар ғиёби бутпарастон] ҳамаи онҳоро ба ҷуз [бути] бузургашон бишкаст, шояд, ба суроғи он бираванд [то ҳақоиқро барояшон бозгӯ кунад]
21:59 [Вақте онон бутхонаро чунин диданд] Гуфтанд: “Чи касе бо маъбудони мо чунин кардааст? Ҳатман, ӯ ситамгор аст”
21:60 [Бархе] Гуфтанд: “Мо шунидем ҷавоне, ки ӯро Иброҳим мегӯянд, аз онҳо [ба бадӣ] ёд мекунад”
21:61 Гуфтанд: “Пас ӯро дар баробари дидагони мардум биёваред, бошад, ки [бар эътирофаш ба гуноҳ] гувоҳ бошанд”
21:62 [Вақте Иброҳимро оварданд] Гуфтанд: “Эй Иброҳим, оё ту ин [кор] -ро бо маъбудони мо кардаӣ?”
21:63 Ӯ гуфт: “Балки [бути] бузургашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед»
21:64 Он гоҳ [онон] ба худ омаданд ва [ба якдигар] гуфтанд: “Воқеан, шумо [мушрику] ситамгоред”
21:65 Сипас [боз ҳам] сар ба душманӣ ва инкор бардоштанд [ва гуфтанд] “Ту хуб медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд”
21:66 [Иброҳим] гуфт: “Оё ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастед, ки на суде бароятон дорад ва на зиёне ба шумо мерасонад?
21:67 Вой бар шумо ва бар он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед! Оё намеандешед?”
21:68 Онон гуфтанд: “Агар мехоҳед [барои муҷозоташ] коре кунед, ӯро бисӯзонед ва маъбудонатонро ёрӣ диҳед”
21:69 [Саранҷом ӯро дар оташ андохтанд, вале Мо] Гуфтем: “Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош”
21:70 Ва хостанд барои [нобудии ӯ найранге ба кор баранд, вале Мо ононро зиёнкортарин [мардум] сохтем
21:71 Ва ӯ ва Лутро [бо ҳиҷрат] ба сарзамине, ки барои ҷаҳониён дар он баракат ниҳодаем [Шом], наҷот додем
21:72 Ва Исҳоқ ва [навааш] Яъқубро [низ ба унвони бахшиш] афзунӣ ба ӯ бахшидем ва ҳамагиашонро [афроде] шоиста гардонидем