>

Маркази тарҷумаи Равод — 326

21:45 Бигӯ: “Ман фақат шуморо ба василаи ваҳй [аз азоби илоҳӣ] бим медиҳам” ва [-ле] чун ба карон бим дода шавад, даъвати [ҳақ]-ро намешунаванд

21:46 Агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онон бирасад, ҳатман, мегӯянд: “Эй вой бар мо [ки], яқинан, ситамгор будаем!”

21:47 Рӯзи қиёмат Мо тарозуҳои адлро [барои ҳисобрасӣ дар миён] мениҳем, пас, ба ҳеҷ кас [камтарин] ситаме намешавад ва агар [кирдорашон] ҳамсанги донаи хардале бошад, онро [ба ҳисоб] меоварем ва кофист, ки Мо ҳисобрас бошем

21:48 Ба ростӣ, Мо ба Мӯсо ва Ҳорун китоб [Таврот] додем ва [ин китоб] барои парҳезкорон равшанӣ ва андарзе аст

21:49 [Ҳамон] касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд ва аз қиёмат бимноканд

21:50 Ва ин [Қуръон] панди мубораке аст, ки онро нозил кардем. Оё [боз ҳам] инкораш мекунед?

21:51 Ва бе тардид, пеш аз он Мо ба Иброҳим [рушди фикрӣ ва] ҳидояташро ато кардем ва ба [шоистагиҳои] ӯ доно будем;

21:52 Он гоҳ ки ба падари худ ва қавмаш гуфт: “Ин муҷассамаҳо чист, ки ба парастиши онҳо истодаед?”

21:53 Онон гуфтанд: “Мо падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд”

21:54 [Иброҳим] Гуфт: “Ҳатман, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкор будаед”

21:55 Онон гуфтанд: “Оё [сухани] ҳақ бароямон овардаӣ ё шухӣ мекунӣ?”

21:56 Ӯ гуфт: “Балки [суханам ҳақ аст] Парвардигоратон парвардигори осмонҳо ва замин аст, ҳамон ки онҳоро падид овардааст ва ман бар ин [сухан] гувоҳам”

21:57 Ва [бо худ гуфт] “Ба Аллоҳ таоло савганд, пас аз он ки пушт кардед ва [ба ҷашн] рафтед, барои [нобудии] бутҳоятон тадбире меандешам”