>

Маркази тарҷумаи Равод — 325

21:36 Касоне, ки куфр варзиданд, ҳар гоҳ ки туро мебинанд, фақат ба масхараат мегиранд [ва мегӯянд]: «Оё ин ҳамон касест, ки аз маъбудонатон [ба бадӣ] ёд мекунад»? Ва ҳол он ки онон худ ёди [Аллоҳи] Раҳмонро инкор мекунанд

21:37 Инсон [зотан] шитобкор офарида шудааст [ва ҳама чизро пеш аз замони муқаррараш мехоҳад]. Ба зудӣ нишонаҳо [-и азоб]-и хешро нишонатон хоҳем дод, пас, [нузули азобро] ба шитоб нахоҳед

21:38 [Кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд?»

21:39 Касоне, ки куфр варзиданд, агар медонистанд замоне, ки [ба дузах меафтанд] наметавонанд [шуълаҳои] оташро аз чеҳраҳо ва пуштҳояшон боздоранд ва [аз сӯйи ҳеҷ кас] ёрӣ намешаванд [ҳаргиз ин гуна шитобон азобро намехостанд]

21:40 Балки [оташ чунон] ногаҳонӣ ба онон мерасад ва эшонро [чунон саргашта ва] мабҳут мекунад, ки на метавонанд онро [аз худ] дафъ кунанд ва на муҳлати [тавба] ба онон дода мешавад

21:41 Яқинан, паёмбарон пеш аз ту [низ] мавриди тамасхур қарор гирифта буданд, пас, бар сари касоне, ки онҳо [азобҳои илоҳӣ]-ро ба ришханд мегирифтанд, ҳамон чизе омад, ки масхарааш мекарданд

21:42 [Эй Паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Чи касе шуморо дар шабу рӯз аз [азоби Аллоҳи] Раҳмон нигоҳ медорад? Балки [ҳақ ин аст, ки] онон аз ёди Парвардигорашон рӯйгардонанд

21:43 Оё онон маъбудоне доранд, ки [метавонанд] дар баробари Мо аз эшон дифоъ кунанд? [Ҳаргиз!] Онон на метавонанд худро ёрӣ диҳанд ва на аз [азоби] Мо дар амонанд

21:44 Балки [Мо] онон ва падаронашонро [аз неъматҳои дунявӣ] баҳраманд сохтем, то умрашон ба дарозо кашид [ва мағрур шуданд]. Оё намебинанд, ки Мо [ҳамвора] ба суроғи замин меоем ва онро аз ҳар тараф мекоҳем [ва мардумашро нобуд мекунем]? Пас, оё онон [бар қудрати Аллоҳ таоло] пирӯзанд?