Маркази тарҷумаи Равод — 324
21:25 Ва Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки [ба мардум бигӯяд]: «Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ман нест, пас, танҳо Маро бипарастед»
21:26 [Мушрикон бо ин тасаввур, ки фариштагон духтарони Аллоҳ таоло ҳастанд] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст». Ӯ муназзаҳ аст [чунин нест, ки мепиндоранд], балки фариштагон бандагони гиромиаш ҳастанд
21:27 Онон ҳаргиз дар сухан бар Ӯ пешӣ намегузинад ва [пайваста] ба фармонаш амал мекунанд
21:28 [Аллоҳ таоло] Гузашта ва ояндаи ононро медонад ва эшон ҷуз барои касе, ки Ӯ писандад, шафоат намекунанд ва худ аз бими Ӯ ҳаросонанд
21:29 Ва ҳар касе аз онон бигӯяд: «Ба ҷуз ӯ ман [низ] маъбуд ҳастам», пас, вайро ба дузах кайфар медиҳем. [Оре] Ситамгоронро чунин кайфар медиҳем
21:30 Оё касоне, ки куфр варзиданд, надиданд, ки [дарҳои неъмати] осмонҳо ва замин баста буд [на бороне меборид ва на гиёҳе мерӯид], пас, он дуро боз кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Пас, оё имон намеоваранд?
21:31 Ва дар замин кӯҳҳое устувор ниҳодем, то мабодо ононро биларзонад ва дар он роҳҳое [васеъ] падид овардем, бошад, ки [дар сафарҳояшон ба мақсад] роҳ ёбанд
21:32 Ва осмонро сақфе маҳфуз қарор додем ва онон [мушрикон] аз [тафаккур дар] нишонаҳояш рӯйгардонанд
21:33 Ӯст, ки шабу рӯз ва хуршеду моҳро офарид [ва чунон муназзам сохт, ки] ҳар як [аз инҳо] дар мадоре [муайян] шиноваранд
21:34 [Эй Паёмбар] Мо пеш аз ту барои ҳеҷ башаре ҷовидонагӣ қарор надодем. Оё агар ту бимирӣ, онон ҷовидонанд?
21:35 Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва [эй мардум] шуморо бо бадӣ ва некӣ меозмоем ва [саранҷом] ба сӯйи Мо бозгарданда мешавед