Маркази тарҷумаи Равод — 322
21:1 Замони ҳисоби мардум наздик шудааст ва онон дар ноогоҳӣ [аз бозхости охират] рӯй гардонанд
21:2 Ҳеҷ панди тозае аз Парвардигорашон барои онон намеояд, магар он ки бозикунон ба он гӯш медиҳанд
21:3 [Паёми илоҳиро дар ҳоле мешунаванд, ки] дилҳояшон ғофил аст ва касоне, ки [кофир ва] ситамгор буданд, наҷвоҳояшонро пинҳон карданд [ва гуфтанд]: «Оё ин [муддаии паёмбарӣ] ҷуз башаре ҳамчун шумост? Оё дар ҳоле ки [ҳақиқатро] мебинед, ба ҷоду рӯй меоваред?»
21:4 [Паёмбар] гуфт: «Парвардигорам ҳар суханеро, ки дар осмон ва замин бошад медонад ва Ӯ шунавову доност»
21:5 Балки [кофирон дар ситез бо Қуръон] гуфтанд: «[Он чи Муҳаммад мегӯяд] хобҳое ошуфта аст, балки онро ба дурӯғ [ба Аллоҳ таоло] нисбат медиҳад. [На] Балки ӯ шоир аст. Пас, [агар рост мегӯяд] бароямон муъҷизае биёварад, чунон ки паёмбарони пешин [низ бо муъҷизот] фиристода шуданд»
21:6 Пеш аз онон [низ сокинони ҳар] шаҳре, ки нобудаш мекардем, [ба оёт ва муъҷизоти Мо] имон наоварда буданд. Пас, оё [инҳо] имон меоваранд?
21:7 Ва [эй Паёмбар] пеш аз ту ҷуз мардоне, ки ба онон ваҳй мекардем [барои ҳидояти мардум] нафиристодем, пас, [эй кофирон] агар намедонед, аз аҳли китоб бипурсед
21:8 Ва [мо] ононро пайкарҳое, ки ғизо нахӯранд, қарор надодем ва [дар дунё низ] ҷовидон набуданд
21:9 Сипас ваъдаеро, ки [дар бораи пирӯзӣ ва наҷот] ба онон дода будем, таҳаққуқ бахшидем ва ононро ба ҳамроҳи ҳар ки хостем, наҷот додем ва исрофкорон [-и кофир]-ро нобуд кардем
21:10 Бе тардид, китобе ба сӯятон нозил кардем, ки иззат [-у шарафи дунё ва охират]-и шумо дар он аст. Оё намеандешед?