Маркази тарҷумаи Равод — 321
20:126 [Аллоҳ таоло] Мефармояд: «Ҳамон тавр, ки оёти Мо бар ту омад ва онҳоро ба фаромӯшӣ супурдӣ, имрӯз ту [низ] ба ҳамон сурат фаромӯш мешавӣ»
20:127 Ва касеро, ки [дар гумроҳӣ ва гуноҳ] зиёдаравӣ кунад ва ба оёти Парвардигораш имон наоварад, ин гуна кайфар медиҳем; ва ҳатман, азоби охират шадидтар ва пойдортар аст
20:128 Оё барои ҳидояташон кофӣ нест, ки [бидонанд] чи наслҳоеро пеш аз онон нобуд кардем, ки [акнун ин мушрикон] дар хонаҳои эшон [наслҳои гузашта] роҳ мераванд? Ба ростӣ, дар ин [нукта] барои хирадмандон нишонаҳое [ибратангез] аст
20:129 Ва агар аз сӯйи Парвардигорат сухане [дар бораи итмоми ҳуҷҷат бо мардум] нагузашта буд ва замони муайяне дар кор набуд, ҳатман [азоби илоҳӣ дар ҳамин дунё бар онон] лозим мешуд
20:130 Пас [эй Паёмбар,] бар он чӣ мегӯянд, шикебо бош ва Парвардигоратро пеш аз тулуи офтоб [дар намози бомдод] ва пеш аз ғуруб [дар намози аср] ба покӣ ситоиш кун ва соате аз шаб [дар намози хуфтан] ва канораҳои рӯз [дар намози пешин ва шом низ ба ниёиш бипардоз]; бошад, ки [аз подоши илоҳӣ] хушнуд шавӣ
20:131 Ва ҳаргиз ба [неъматҳои дунявӣ ва] он чи ки гурӯҳҳое аз онон [мушрикон]-ро аз онҳо баҳраманд сохтаем, чашм надӯз. Инҳо зинати зиндагии дунёст, то ононро бад-он биозмояд; ва рӯзии Парвардигорат беҳтар ва пойдортар аст
20:132 Ва хонаводаатро ба намоз фармон бидеҳ ва [худ] бар [анҷоми] он шикебо бош [Мо] Аз ту рӯзӣ намехоҳем, [балки] худ ба ту рӯзӣ медиҳем; ва саранҷоми нек барои [аҳли] парҳез аст
20:133 [Мушрикон] гуфтанд: «Чаро [Муҳаммад] муъҷизае аз ҷониби Парвардигораш барои мо намеоварад?» Бигӯ: «Оё [Қуръон ба унвони] далели равшан он чи дар китобҳои пешин аст, барояшон наёмадааст?»
20:134 Агар Мо ононро пеш аз он [ки паёмбар ва китоби осмонӣ биёяд] бо азобе ҳалок мекардем, ҳатман, [рӯзи қиёмат мушрикон] мегуфтанд: «Парвардигоро, чаро паёмбаре ба сӯямон нафиристодӣ, то пеш аз он ки хору расво шавем, аз оёти Ту пайравӣ кунем?»
20:135 [Эй Паёмбар, ба онон] Бигӯ: «Ҳама мунтазиранд; пас, шумо [низ] мунтазир бошед. Ба зудӣ хоҳед донист, ки раҳравони роҳи рост чи касоне ҳастанд ва ҳидоятёфта кист»