Маркази тарҷумаи Равод — 320
20:114 Пас, баландмартаба аст Аллоҳ таоло, ки фармонравои ҳақ аст. Ва дар [хондани] Қуръон – пеш аз он ки ваҳйи он бар ту поён ёбад – шитоб макун; ва бигӯ: «Парвардигоро, бар донишам бияфзо»
20:115 Ба ростӣ, пеш аз ин бо Одам паймон бастем [ки аз меваи дарахти мамнуа нахӯрад]; вале [паймонашро] фаромӯш кард ва дар ӯ азме [устувор] наёфтем
20:116 Ва [ёд кун аз ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, магар Иблис, ки сарпечӣ намуд
20:117 Пас, гуфтем: «Эй Одам, ин [Иблис] душмани ту ва ҳамсари туст; мабодо шуморо аз биҳишт берун кунад, ки ба сахтӣ меафтӣ
20:118 Дар ҳақиқат, ту ин [неъмат]-ро [дар биҳишт] дорӣ, ки на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ
20:119 Ва ин ки дар он ҷо на ташна мешавӣ ва на офтобзада
20:120 Пас, шайтон ӯро васваса кард [ва] гуфт: «Эй Одам, оё [мехоҳӣ] дарахти ҷовидонагӣ ва фармонравоии фанонопазирро нишонат диҳам?»
20:121 Он гоҳ аз он [дарахти мамнуа] хӯрданд ва шармгоҳашон бар онон намоён шуд ва шурӯъ карданд ба қарор додани барги [дарахтони] биҳишт бар худ [то авраташонро бипӯшонанд]; ва [инчунин буд, ки] Одам аз Парвардигораш сарпечӣ кард ва ба бероҳӣ рафт
20:122 Сипас Парвардигораш ӯро баргузид ва тавбаашро пазируфт ва ҳидояташ кард
20:123 Фармуд: «[Шумо ду тан хамроҳи Иблис] Ҳамагӣ аз биҳишт фуруд оед, дар ҳоле ки душмани якдигаред. Агар аз [ҷониби] ман раҳнамуде бароятон расид, [бидонед] ҳар ки аз ҳидоятам пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на [аз азоби дузах] ба ранҷ меафтад
20:124 Ва касе, ки аз ёди Ман рӯйгардон шавад, яқинан зиндагии сахте хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат ӯро нобино бармеангезем
20:125 Вай мегӯяд: «Парвардигоро, чаро маро нобино барангехтӣ; ҳол он ки [дар дунё] бино будам?»