Маркази тарҷумаи Равод — 319
20:99 [Эй Паёмбар] Ин гуна аз ахбор [ва достонҳои паёмбарони] гузашта бар ту ҳикоят мекунем; ва ба ростӣ, ки [мо] аз ҷониби хеш ба ту Қуръоне [пандомӯз] додаем
20:100 Ҳар ки аз он рӯйгардон шавад, яқинан, рӯзи қиёмат бори сангине [аз гуноҳ] бар дӯш хоҳад кашид
20:101 Ҷовидона дар он [азоб] хоҳанд монд; ва чи бад аст боре, ки [кофирон] дар қиёмат хоҳанд кашид!
20:102 Рӯзе, ки дар «сур» дамида мешавад ва дар он рӯз муҷримонро [ки бисёр тарсидаанд, бо чашму бадани] кабуд ҷамъ мекунем
20:103 Байни худ оҳиста сухан мегӯянд: «[Шумо] Беш аз даҳ рӯз [дар дунё] ба сар набурдаед»
20:104 Мо ба он чи эшон мегӯянд, донотарем; он гоҳ ки хирадмандтаринашон мегӯяд: «[Шумо] Танҳо як рӯз ба сар бурдаед»
20:105 Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи кӯҳҳо [дар қиёмат] мепурсанд; пас, бигӯ: «Парвардигорам ононро сахт муталошӣ [ва пароканда] мекунад
20:106 Ва онҳоро софу ҳамвор хоҳад намуд
20:107 [Ҳамчун замине] Ки дар он ҳеҷ пастӣ ва баландӣ намебинӣ»
20:108 Дар он рӯз [ҳамаи мардум] бидуни ҳеҷ мухолифате аз даъваткунанда [-и илоҳӣ] пайравӣ мекунанд ва садоҳо дар баробари Худои меҳрубон паст мешаванд ва аз ҳеҷ чиз ҷуз садои пойе нахоҳӣ шунид
20:109 Дар он рӯз шафоат суд надиҳад, магар онро, ки Худои Раҳмон ба ӯ иҷозат диҳад ва суханашро биписандад
20:110 [Аллоҳ таоло] Он чиро, ки инсонҳо [дар охират] дар пеш доранд ва он чиро, ки [дар дунё] пушти сар гузоштаанд, [ҳамаро] медонад, вале дониши онон ӯро фаро намегирад
20:111 Ва чеҳраҳо дар баробари [Парвардигори] зиндаи пойдор хор мегардад ва ҳар ки [бори] ситам бардошт, зиён дид
20:112 Ва касе, ки аз корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, на аз ҳеҷ ситаме меҳаросад ва на аз костан [-и подошаш]
20:113 Ва, инчунин, онро Қуръоне [ба забони] арабӣ нозил кардем ва ҳушдорҳои гуногун дар он баён намудем; бошад, ки [аз азоби илоҳӣ] парҳезанд ё [ин китоб] барояшон панде падид оварад