Маркази тарҷумаи Равод — 318
20:88 Он гоҳ барояшон муҷассамаи гӯсолае сохт, ки садое [ҳамчун садои гӯсола] дошт. Пас, [Сомирӣ ва пайравонаш ба мардум] гуфтанд: «Ин маъбуди шумо ва маъбуди Мӯсо аст, ки онро фаромӯш [ва ин ҷо раҳо] кардааст»
20:89 Оё намедиданд, ки [ин гӯсола] ҳеҷ посухе ба онҳо намедиҳад ва ҳеҷ зиёне ва суде барояшон надорад?
20:90 Ва дар ҳақиқат, пеш аз он [ки Мӯсо бозгардад] Ҳорун низ ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, ҷуз ин нест, ки шумо бо ин гӯсола имтиҳон шудаед ва бе тардид, Парвардигори [ҳақиқии] шумо [Аллоҳи] Раҳмон аст; пас, пайрави ман бошед ва аз фармонам итоат кунед»
20:91 [Онон] Гуфтанд: «Мо пайваста бар ин [гӯсолапарастӣ] мемонем, то Мӯсо наздамон бозгардад»
20:92 [Вақте Мӯсо бозомад] Гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ онон гумроҳ шудаанд,
20:93 чи чизе туро аз пайравии ман боздошт [ва чаро ононро тарк накардӣ]? Оё аз фармонам сарпечӣ кардӣ?»
20:94 [Ҳорун] Гуфт: «Эй писари модарам, ришу [мӯйи] сарамро нагир. Дар ҳақиқат, тарсидам, ки бигӯӣ, миёни Бани Исроил тафриқа андохтӣ ва сухан [ва супориш]-и маро ба кор набастӣ»
20:95 [Мӯсо] Гуфт: «Эй Сомирӣ, ин чи коре аст, ки кардӣ?»
20:96 Ӯ гуфт: «Ман чизеро дидам, ки онон надиданд ва муште аз хоки пойи [асби] фиристода [Ҷабраил]-ро бардоштам ва [дар пайкари гӯсола] андохтам ва [ҳавои] нафсам [ин корро] инчунин бароям орост»
20:97 [Мӯсо] Гуфт: «Пас, бирав. Бе тардид, баҳраи ту дар зиндагӣ ин аст, ки [чунон матруд шавӣ, ки ба мардум] бигӯӣ: «[Ба ман] Даст назанед»; ва ваъдагоҳе [барои азоб] хоҳӣ дошт, ки ҳаргиз аз он тахаллуф нахоҳад шуд; ва [акнун] ба он маъбуде, ки пайваста дар ибодаташ будӣ, бингар; онро месӯзонем, он гоҳ [ки комилан хокистар шуд,] дар дарё парокандааш месозем»
20:98 [Эй мардум] Маъбуди шумо Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро фаро гирифтааст