>

Маркази тарҷумаи Равод — 317

20:77 Ва ба ростӣ, [Мо] ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Бандагонамро шабона [аз Миср берун] бибар, сипас барои онон дар дарё роҳе хушк бикшо, ки на аз таъқиб [-и душманон] хоҳӣ тарсид ва на [аз ғарқ шудан дар дарё] бим дорӣ

20:78 Он гоҳ Фиръавн бо сипоҳиёнаш ононро дунбол кард ва оби дарё эшонро фуру пӯшонид; чунон пӯшонидане [ки ҳақиқаташро касе ҷуз Аллоҳ таоло намедонад]

20:79 Ва [бад-ин сон Фиръавн қавми худро гумроҳ намуд ва ҳидоят накард

20:80 Эй Бани Исроил, ба ростӣ, [Мо] шуморо аз [чанги] душманонатон наҷот додем ва дар самти рости [кӯҳи] Тӯр бо шумо ваъда гузоштем [то Тавротро нозил кунем] ва бар шумо манн [ширинӣ] ва салво [бедона] фуру фиристодем

20:81 Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред ва дар он зиёдаравӣ накунед, ки хашми Ман бар шумо фуруд меояд; ва ҳар ки хашми ман бар ӯ фуруд ояд, ҳатман, ҳалок мегардад

20:82 Ва яқинан, ман омурзандаи касе ҳастам, ки тавба кунад ва имон оварад ва коре шоиста кунад ва он гоҳ бар ҳидоят [-и худ боқӣ] бимонад

20:83 Эй Мӯсо, чи чиз муҷиб шуд, ки ҷилавтар аз қавмат [ба сӯйи ваъдагоҳи Тӯр] бишитобӣ?

20:84 [Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, онон ба дунболам меоянд ва ман ба сӯят шитофтам, то [аз ман] хушнуд гардӣ»

20:85 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Пас, [бидон, ки] Мо қавматро пас аз [рафтани] ту озмудем ва Сомирӣ гумроҳашон кард»

20:86 Пас, Мӯсо хашмгин [ва] андӯҳнок ба сӯйи қавмаш бозгашт [ва] гуфт: «Эй қавми ман, магар Парвардигоратон [дар бораи нузули Таврот] ваъдаи наку ба шумо надода буд? Оё бар паймони шумо [бо Аллоҳ таоло] замоне тӯлонӣ гузашт [ва ҳамаро аз ёд бурдед] ё хостед, хашме аз [сӯи] Парвардигоратон бар шумо фуруд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?»

20:87 Онон гуфтанд: «[Мо] Ба ихтиёри худ паймони туро нашикастем, вале борҳои сангине аз зару зеварҳои қавм [-и Фиръавн]-ро, ки бар мо ниҳода буданд, [дар оташ] андохтем ва Сомирӣ низ [он чиро, ки иддао мекард, хоки суми асби Ҷабраил аст, дар оташ] андохт»