Маркази тарҷумаи Равод — 316
20:65 [Ҷодугарон] гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту [он чиро бо худ дорӣ] меафканӣ ё [мо] нахустин касе бошем, ки меафканад?»
20:66 [Мӯсо] Гуфт: «[На] балки шумо бияфканед». Пас, ногоҳ ресмонҳо ва чӯбдастҳои онон аз ҷодуяшон чунон ба назараш расид, ки гӯӣ ба шитоб мехазанд
20:67 Пас, Мӯсо дар дилаш тарсе эҳсос кард
20:68 Гуфтем: «Натарс, [ки] ту, ҳатман, [пирӯз ва] бартарӣ
20:69 Ва он чиро, ки дар дасти рости худ дорӣ, бияфкан, то [тамоми] он чиро, ки сохтаанд, бибалъад. Бе тардид, он чи онон сохтаанд, фақат найранги ҷодугар аст ва ҷодугар ҳар ҷо, ки бошад [ва ҳар чӣ кунад], пирӯз намегардад»
20:70 [Пас, чун Мӯсо асояшро бар замин андохт, ба мори бузурге табдил шуд ва сохтаҳои ононро балъид], он гоҳ ҷодугарон ба саҷда афтоданд [ва] гуфтанд: «Ба Парвардигори Ҳорун ва Мӯсо имон овардем»
20:71 [Фиръавн] Гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам ба ӯ имон овардед? Ҳатман, ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст. Пас, ҳатман, дасту пойи шуморо бар акси якдигар [аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамагиатонро дар танаҳои нахл ба дор меовезам ва он гоҳ хуб хоҳед донист, ки азоб [ва шиканҷаи] кадом яки аз мо сахттар ва пояндатар аст; [ман ё Парвардигори Мӯсо]»
20:72 [Ҷодугарон] Гуфтанд: «Ҳаргиз [пайравӣ аз] туро бар ин далоили равшане, ки бароямон омадааст ва [ҳамчунин] бар он ки моро офаридааст, тарҷеҳ намедиҳем; пас, ба ҳар ҳукме, ки мехоҳӣ, ҳукм кун. Ту фақат метавонӣ дар зиндагии ин дунё ҳукм кунӣ
20:73 Бе тардид, мо ба Парвардигорамон имон овардем, то гуноҳонамон ва он чиро аз ҷодугарӣ бар мо таҳмил кардаӣ, бибахшояд; ва Аллоҳ таоло беҳтару пояндатар аст»
20:74 Ҳар ки дар пешгоҳи Парвардигораш гунаҳкор ҳозир шавад, яқинан, оташи дузах барои ӯст; дар он ҷо на мемирад [ ки раҳоӣ ёбад] ва на [ба хушӣ] зиндагӣ мекунад
20:75 Ва ҳар ки муъмин назди ӯ биёяд, дар ҳоле ки корҳои шоиста анҷом дода бошад, пас, инон дараҷоти олӣ доранд
20:76 Боғҳои ҷовидони [биҳишт], ки ҷӯйборҳо зери [дарахтони] он ҷорӣ аст. Ҳамеша дар он хоҳанд буд; ва ин аст подоши касе, ки худро [аз олудагиҳои ширку гуноҳ] пок кардааст