>

Маркази тарҷумаи Равод — 315

20:52 [Мӯсо] Гуфт: «Дониши он дар китобе [Лавҳи Маҳфуз] назди Парвардигори ман [сабт] аст. Парвардигорам на иштибоҳ мекунад ва на фаромӯш менамояд

20:53 Он [маъбуде], ки заминро бароятон [ҳамчун] гаҳворае [маҳалли осоиш] қарор дод ва дар он роҳҳое эҷод кард ва аз осмон обе фуру фиристод ва ба василаи он анвои гуногуни гиёҳонро [аз замин] берун овардем

20:54 [Ҳам худ аз он] Бихӯред ва [ҳам] чаҳорпоёнатонро бичаронед. Бе тардид, дар ин [умур] барои хирадмандон нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] аст

20:55 Шуморо аз он [хок] офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар [дар қиёмат] аз он берун меоварем

20:56 Ва ба ростӣ, [Мо] ҳамаи нишонаҳои [қудрати] худро ба ӯ нишон додем; вале [ҳамаро] дурӯғ пиндошт ва [даъвати ҳақро] напазируфт

20:57 [Он гоҳ] Гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадӣ, ки бо ҷодуят моро аз сарзаминамон берун кунӣ?

20:58 Пас, яқинан, мо низ ҷодуе монанди он бароят меоварем; пас, дар маконе, ки [фосилааш аз ҳар ду тараф] яксон бошад, ваъдагоҳе миёни Мо ва худ таъйин кун, ки на Мо аз он хилоф кунем ва на ту

20:59 [Мӯсо] гуфт: «Ваъдагоҳи шумо рӯзи ид бошад, ки [ҳамаи] мардум пеш аз зуҳр ҷамъ мешаванд»

20:60 Он гоҳ Фиръавн бозгашт ва [тамоми] найрангу ҳилаи хешро ҷамъ кард ва [ҳамроҳи ҷодугаронаш ба маҳалли мавриди назар] омад

20:61 Мӯсо ба онон гуфт: «Вой бар шумо! Бар Аллоҳ таоло дурӯғ набандед, ки бо азобе [сахт] нобудатон месозад; ва яқинан, ҳар ки [бо фиреб додани мардум бар Аллоҳ таоло] дурӯғ баст, зиёнкор гашт»

20:62 Пас, [ҷодугарон пас аз ҳушдори Мӯсо] дар корашон миёни худ ихтилоф карданд ва пинҳонӣ гуфтугӯ карданд

20:63 [Бархе аз онон] Гуфтанд: «Ин ду [нафар] ҳатман, ҷодугаранд [ва] бо ҷодуи хеш мехоҳанд шуморо аз сарзаминатон берун кунанд ва оин [ва роҳу расм]-и бартари шуморо аз миён бардоранд

20:64 Пас, [ҳамаи] найранги хешро фароҳам кунед [ва ба кор бандед]; сипас дар як саф [барои мубориза] ба пеш оед. Бе тардид, ҳар ки имрӯз [бар душман] чира шавад, пирӯз [ва комёб] гаштааст