>

Маркази тарҷумаи Равод — 314

20:38 Он гоҳ ки он чиро, ки [бояд дар бораи ҳифозат аз ту] илҳом мешуд, ба модарат илҳом кардем

20:39 Ки: «ӯро дар сандуқе бигзор ва он [сандуқ]-ро ба дарё [рӯди Нил] бияндоз, то дарё ӯро ба соҳил бияфканад [ва] душмани Ман ва душмани ӯ онро [аз об] бигирад; ва бар ту аз ҷониби хеш муҳре [дар дилҳо] афкандам ва [ҳимоятат кардам] таҳти назар парвариш ёбӣ

20:40 Он гоҳ ки хоҳарат [дар канори руд ҳамроҳ бо сандуқи ту] роҳ мерафт ва [ба касоне, ки туро аз об гирифтанд] гуфт: «Мехоҳед шахсеро нишонатон диҳам, ки сарпарастии ӯро ба уҳда бигирад?» Пас, туро ба модарат бозгардонидем, то чашмаш [ба дидорат] равшан гардад ва андуҳгин набошад; ва [баъдҳо] ту шахсе [қибтӣ]-ро куштӣ ва Мо аз андӯҳ [ва муҷозоти қатл] наҷотат додем ва туро борҳо озмудем. Пас [аз он] чанд сол байни мардуми Мадян ба сар бурдӣ; он гоҳ, эй Мӯсо, бар [тибқи] тақдири [илоҳӣ ва дар замони муқаррар ба ин ҷо] омадӣ

20:41 Ва туро барои худам баргузидам [то паёмамро ба мардум бирасонӣ]

20:42 [Инак] Ту ва бародарат бо нишонаҳои [қудрату ягонагии] Ман равона шавед ва дар [даъвати ҳақ ва] ёд кардани Ман сустӣ наварзед

20:43 Ба сӯйи Фиръавн биравед, ки ӯ [куфр варзида ва] саркашӣ кардааст

20:44 Пас, ба нармӣ бо ӯ сухан бигӯед; бошад, ки панд гирад ё [аз азоби илоҳӣ] битарсад [ва тавба кунад]

20:45 [Мӯсо ва Ҳорун] гуфтанд: «Парвардигоро, мо бимнокем, ки бар мо пешдастӣ намояд [ва пеш аз поёни даъват муҷозотамон кунад] ё [дар баробари сухани ҳақ] саркашӣ кунад»

20:46 [Аллоҳ таоло] фармуд: «Натарсед [ки] яқинан, Ман ҳамроҳатон ҳастам [ва ҳама чизро] мешунавам ва мебинам

20:47 Пас, ба сӯи ӯ биравед ва бигӯед: «Мо фиристодагони Парвардигорат ҳастем. Бани Исроилро ҳамроҳи мо бифирист ва [таҳқиру] озорашон накун. Ба ростӣ, ки Мо барои ту аз ҷониби Парвардигорат нишонаҳои равшане овардаем; ва саломатӣ [аз азоби илоҳӣ] бар касест, ки аз ҳидоят пайравӣ кунад

20:48 Дар ҳақиқат, ба мо ваҳй шудааст, ки азоби [дузах] бар касест, ки [оёт ва муъҷизотро] дурӯғ ангошт ва [аз даъвати паёмбараш] рӯй гардонд»

20:49 [Фиръавн] Гуфт: «Эй Мӯсо, Парвардигори шумо кист?»

20:50 [Мӯсо] гуфт: «Парвардигори мо касест, ки ба ҳар чизе офариниши [зоҳир ва вижагиҳои муносиби] ӯро бахшида ва сипас [онро] ҳидоят намудааст»

20:51 [Фиръавн] Гуфт: «Пас, ҳол [ва сарнавишти наслҳои гузашта [ки кофир будаанд] чист?»