Маркази тарҷумаи Равод — 313
20:13 Ва ман туро [ба паёмбарӣ] баргузидам; пас, ба он чи ваҳй мешавад, гӯш фаро дор
20:14 Бе тардид, манам «Аллоҳ таоло», ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳаққе] ҷуз ман нест; пас, маро бипараст ва барои ёди ман намоз бар по дор
20:15 Яқинан, қиёмат омаданӣ аст; [вале] мехоҳам [вақти] онро пинҳон дорам, то ба ҳар касе дар баробари [кор ва] талоше, ки мекунад, подош дода шавад
20:16 Пас, мабодо касе, ки ба он имон надорад ва аз ҳавасҳояш пайравӣ мекунад, туро аз [накукорӣ ва омодагӣ барои] он боздорад, ки ҳалок мешавӣ
20:17 Ва, эй Мӯсо, он чист ба [дасти] ростат?»
20:18 Ӯ гуфт: «Ин асои ман аст; бар он такя мекунам ва бо он барои гӯсфандонам [барги дарахтонро] фуру мерезам ва бо он корҳои дигаре [низ] дорам [ки бароварда мекунам]
20:19 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Мӯсо, онро бияфкан»
20:20 Пас, [Мӯсо] онро [бар замин] афканд ва ногаҳон [табдил ба] море шуд, ки ба суръат мехазид
20:21 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Онро бигир ва натарс. Ба зудӣ онро ба шакли аввалаш бозмегардонем
20:22 Ва дастро дар бағал кун, то бидуни ҳеҷ газанде [ба унвони] муъҷизае дигар сафед [-у дурахшон] берун ояд
20:23 [Ҳадаф аз ироаи ду муъҷиза ин буд], ки бархе аз нишонаҳои бузурги хешро нишонат диҳем
20:24 [Инак] Ба сӯйи Фиръавн бирав [ки] бе тардид, [куфр варзида ва] саркашӣ кардааст»
20:25 [Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, бар [ҳавсала ва] шикебоиям бияфзо
20:26 Ва корамро бароям осон гардон
20:27 Ва гиреҳ аз забонам боз кун
20:28 То суханамро дарёбанд
20:29 Ва барои ман ёваре аз [афроди] хонадонам қарор бидеҳ
20:30 Ҳорун-бародарамро
20:31 Пуштамро бо ӯ устувор соз
20:32 Ва ӯро дар кори [рисолати] ман шарик кун
20:33 Туро бисёр ба покӣ биситоем
20:34 ва бисёр ёдат кунем
20:35 Бе тардид, Ту ба [ҳоли] мо биноӣ»
20:36 [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Мӯсо, хостаат ба ту дода шуд
20:37 Дар ҳақиқат, мо [пештар] як бори дигар [низ] бар ту миннат ниҳода будем