Маркази тарҷумаи Равод — 312
19:96 Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, яқинан, [Аллоҳи] Раҳмон [дар дилҳои бандагонаш] барояшон муҳаббате хоҳад ниҳод
19:97 [Эй Паёмбар] Бе тардид, Мо ин [Қуръон]-ро бар забони ту осон намудем, то парҳезкоронро бо он башорат диҳӣ ва ситезагарон [-и сарсахт]-ро бим диҳӣ
19:98 Ва чи бисёр наслҳои гузаштаро пеш аз онон нобуд кардем. Оё [вуҷуди] ҳеҷ як аз ононро эҳсос мекунӣ ё камтарин садое аз онон мешунавӣ?
20:1 То, ҳо.[1]
20:2 [Эй Паёмбар, мо] Қуръонро бар ту нозил накардем, то дар ранҷ бияфтӣ
20:3 [Онро нафиристодем] Магар он ки панде бошад, барои ҳар ки [аз азоби илоҳӣ] метарсад
20:4 [Ин Қуръон] Фуруфиристодае аст аз ҷониби он ки замину осмонҳои баландро офаридааст
20:5 [Парвардигори] Раҳмон [онгуна ки шоистаи Ӯ аст ва бидуни он ки мӯҳтоҷ ба Арш бошад] бар Арш қарор гирифт
20:6 Он чи дар осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост ва он чи зери хок [пинҳон] аст, [ҳамагӣ] аз они Ӯст
20:7 Ва агар сухан ошкор бигӯӣ [ё онро пинҳон дорӣ], яқинан, Ӯ [рози] ниҳон ва [ҳатто] ниҳонтар [аз он]-ро низ медонад
20:8 Аллоҳ таоло аст, ки ҳеҷ маъбуде [бар ҳақ] ҷуз Ӯ нест [ва] накутарин номҳо аз они Ӯст
20:9 [Эй Паёмбар] Оё хабари Мӯсо ба ту расидааст?
20:10 Он гоҳ ки оташеро [аз дур] диду ба хонаводааш гуфт: «[Лаҳзае] Диранг кунед [ки] ман оташе дидаам. Шояд шуълае аз он бароятон биёварам ё канори он оташ роҳнамое биёбам»
20:11 Пас, чун назди он [оташ] омад, нидо дода шуд, ки: «Эй Мӯсо
20:12 Ба ростӣ, ман Парвардигорат ҳастам; пас, [барои муноҷот бо Парвардигор] кафшҳоятро даровар [ки] дар ҳақиқат, ту дар сарзамини муқаддаси «Туво» ҳастӣ