Маркази тарҷумаи Равод — 311
19:77 Оё дидӣ он касеро, ки ба оёти Мо кофир шуд ва гуфт: «Ҳатман, молу фарзанд [-и фаровоне дар охират] ба ман дода хоҳад шуд?»
19:78 Оё ӯ бар ғайб огоҳӣ ёфтааст, ё аз [Аллоҳи] Раҳмон паймоне гирифтааст?
19:79 [Ҳаргиз] Чунин нест; гуфтаашро менависем ва бар азобаш меафзоем
19:80 Ва он чи [аз амволу фарзандон], ки мегӯяд, аз ӯ ба ирс мебарем ва [рӯзи қиёмат тиҳидаст ва] танҳо назди мо меояд
19:81 Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло маъбудоне баргузидаанд, то [ёвару] пуштибонашон бошад
19:82 Чунин нест; [балки он маъбудҳо дар қиёмат] ибодати ононро инкор хоҳанд кард ва душманашон хоҳанд буд
19:83 [Эй Паёмбар] Оё надидӣ, ки Мо шаётинро бар кофирон фиристодем, то ононро [бо васвасаҳои худ] таҳрик кунанд [ва аз роҳи Аллоҳ таоло боздоранд]?
19:84 Пас, дар бораи [нобудии] онон шитоб накун. Ҷуз ин нест, ки Мо [рӯзҳои марг ва фаро расидани азобро] ба диққат барояшон мешуморем
19:85 [Ёд кун аз] Рӯзе, ки парҳезкоронро [бо иззату эҳтиром] ба меҳмонии [Аллоҳи] Раҳмон гирд меоварем
19:86 Ва муҷримонро ташнаком ба сӯйи ҷаҳаннам меронем
19:87 Онон ҳаргиз [тавони] шафоат надоранд; магар касе, ки [бо имон ва амали шоистааш] аз [Аллоҳи] Раҳмон паймоне гирифта бошад
19:88 Ва [мушрикон] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст»
19:89 Ба ростӣ, [бо ин иддао] чизе бисёр зишт [ба миён] овардед!
19:90 Аз ин [сухани куфромез] наздик аст осмонҳо аз ҳам бипошад ва замин бишкофад ва кӯҳҳо дар ҳам бишкананд ва фуру резанд
19:91 [Чаро] Ки барои [Аллоҳи] Раҳмон фарзанде иддао кардаанд
19:92 Ва ҳаргиз сазовори [Аллоҳи] Раҳмон нест, ки фарзанде баргузинад
19:93 Дар осмонҳо ва замин ҳеҷ касе нест, магар он ки [дар рӯзи қиёмат хоксор ва] бандавор назди Аллоҳи Раҳмон меояд
19:94 Яқинан, [Аллоҳ таоло ҳамаи] ононро дар шумор оварда ва дуруст баршумурдааст
19:95 Ва ҳамагиашон рӯзи қиёмат танҳо [ва тиҳидаст] назди Ӯ ҳозир мешаванд