Маркази тарҷумаи Равод — 31
2:197 [Мавсими] ҳаҷ дар моҳҳои мушаххасе аст [аз оғози Шаввол то даҳуми Зулҳиҷҷа]; пас, касе, ки дар ин моҳҳо ҳаҷро [бар худ] воҷиб гардонад, [бояд бидонад, ки] дар ҳаҷ, омезиши ҷинсӣ ва [иртикоби] гуноҳ ва даргирӣ [ва ҷидол раво] нест ва он чи аз корҳои нек анҷом медиҳед, Аллоҳ таоло онро медонад; ва [хӯроку пӯшоки мавриди ниёзи ҳаҷро барои худ фароҳам кунед ва] тӯша баргиред, [вале ба ёд дошта бошед, ки] ба ростӣ, беҳтарин тӯша парҳезкорист ва, эй хирадмандон, аз ман парво кунед
2:198 Гуноҳе бар шумо нест, ки [дар айёми ҳаҷ бо хариду фурӯш] аз фазли Парвардигоратон [манфиат ва рӯзӣ] талаб кунед ва ҳангоме ки [рӯзи нуҳум пас аз вуқуф] аз Арафот кӯч кардед, Аллоҳро дар "Машъар-ул-ҳаром" ёд кунед; ва Ӯро ёд кунед, чаро ки шуморо, ки пештар аз гумроҳон будед, [ба адои маносики ҳаҷҷу дигар аъмоли ибодӣ] ҳидоят кард
2:199 Пас, аз ҳамон ҷо, ки мардум [пайравони Иброҳим] равона мешаванд, [шумо низ аз Арафот ба сӯйи Мино] харакат кунед ва аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳед, [чаро ки] бе тардид Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст
2:200 Пас, чун маносики [ҳаҷҷи] худро ба ҷой овардед, ҳамон гуна, ки падаронатонро [бо фахру ғурур] ёд мекардед, балки [беҳтар ва] бештар аз он Аллоҳро ёд кунед; ва бархе аз мардум [кофироне] ҳастанд, ки мегӯянд: "Парвардигоро, ба мо дар дунё [молу фарзанд] ато кун". Ин шахс дар охират баҳрае [аз неъматҳои илоҳӣ] надорад
2:201 Ва бархе [дигар] аз эшон [муъминоне] ҳастанд, ки мегӯянд: "Парвардигоро, ба мо дар дунё некӣ [рӯзӣ, саломатӣ, дониш ва имон] ато кун ва дар охират [низ] некӣ [ато фармо] ва моро аз азоби оташ нигаҳ дор"
2:202 Инҳоанд, ки аз дастовардашон баҳрае доранд ва Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст