>

Маркази тарҷумаи Равод — 309

19:52 Ва [мо] ӯро аз самти рости [кӯҳи] Тӯр нидо додем ва муноҷоткунон [ба хеш] наздикаш сохтем

19:53 Ва аз раҳмати худ бародараш Ҳорунро – ки, паёмбар [ва ёвари ӯ] буд – ва ба вай ато кардем

19:54 Ва дар ин китоб аз Исмоил ёд кун. Бе тардид, ӯ ростваъда ва фиристодаву паёмбар буд

19:55 Ва [ҳамвора] хонаводаашро ба намозу закот фармон медод ва назди Парвардигораш писандида буд

19:56 Ва дар ин китоб аз Идрис ёд кун. Бе тардид, ӯ ростгуфтору паёмбаре буд

19:57 Ва [мо] ӯро ба мақоме баланд баркашидем

19:58 Инон касоне аз паёмбарон ҳастанд, ки Аллоҳ таоло бар эшон неъмат [ҳидоят] дод; [афроде] аз фарзандони Одам ва аз касоне, ки ҳамроҳи Нуҳ [бар киштӣ] савор кардем ва аз фарзандони Иброҳим ва Яъқуб ва аз [ҷумла] афроде, ки ҳидоят кардем ва баргузидем [ва] ҳар гоҳ оёти [Парвардигори] Раҳмон бар эшон хонда мешуд, саҷдакунон ва гирён ба хок меафтоданд

19:59 Он гоҳ пас аз онон ҷонишиноне гумроҳ ва ношоиста омаданд, ки намозро табоҳ сохтанд [дар он саҳлангорӣ намуданд] ва аз ҳавасҳо [ва шаҳавот] пайравӣ карданд; ва ба зудӣ [кайфари] гумроҳии [хеш]-ро хоҳанд дид

19:60 Магар касе, ки тавба намуд ва имон овард ва коре шоиста кард. Пас, инон ба биҳишт дохил мешаванд ва бар онон ҳеҷ ситаме намеравад

19:61 Боғҳое ҷовидон, ки [Аллоҳи] Раҳмон аз [олам] нопайдо ба бандагонаш ваъда додааст. Яқинан, ваъдаи ӯ омаданӣ аст

19:62 Дар он ҷо сухани беҳудае намешунавад [ва гуфторашон] ҷуз салом [у таҳият нест]; ва дар он ҷо бар эшон [ҳар] субҳу шом рӯзӣ [беҳисоб фароҳам] аст

19:63 Ин ҳамон биҳиште аст, ки ба ҳар кас аз бандагонамон, ки [дар дунё] парҳезкор бошад, ба мерос медиҳем

19:64 Ва [эй Ҷабраил, ба Муҳаммад бигӯ] «Мо ҷуз ба фармони Парвардигорат фуруд намеоем. Ӯ ҳоким бар оянда ва гузашта ва ҳоли мост; ва Парвардигорат фаромӯшкор нест