>

Маркази тарҷумаи Равод — 307

19:26 Пас, [аз он хурмо] бихӯр ва [аз оби чашма] бинӯш ва дидагонро [ба ин фарзанд] равшан дор; ва агар ҳар як аз мардумро дидӣ, [бо ишора] бигӯ: «Ман барои [Аллоҳи] Раҳмон рӯзаи [cукут] назр кардам ва имрӯз бо ҳеҷ инсоне сухан нахоҳам гуфт»

19:27 Пас, [Марям] дар ҳоле ки ӯ [Исо]-ро бардошта буд, назди қавмаш омад. Онон гуфтанд: «Эй Марям, ба ростӣ, дурӯғи бузурге мегӯӣ [ки навзод бидуни падар мутаваллид шудааст]

19:28 Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди бадкоре буд ва на модарат [зани] бадкорае»

19:29 Пас, Марям ба ӯ [Исо] ишора кард. Онон гуфтанд: «Чи гуна бо кӯдаке дар гаҳвора сухан бигӯем?»

19:30 [Исо ба сухан омад ва] гуфт: «Ман бандаи Аллоҳ таоло ҳастам. Ӯ ба ман китоб дода ва маро паёмбар сохтааст

19:31 Ва маро – ҳар ҷо ки бошам – пурбаракат намуда ва то зинда ҳастам, ба намозу закот супоришам кардааст

19:32 Ва нисбат ба модарам накукор [гардонида] ва маро [дар баробари Парвардигорам] саркаш [-у] нофармон қарор надодааст

19:33 Ва салом бар ман рӯзе, ки мутаваллид шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавам»

19:34 Ин аст [ҳикояти] Исо писари Марям; [ҳамон] гуфтори росте, ки [гумроҳон] дар борааш тардид [ва ихтилоф] мекунанд

19:35 [Ҳаргиз] Сазовор нест, ки Аллоҳ таоло [барои хеш] фарзанде бигирад. Ӯ [поку] муназзаҳ аст. [Аллоҳ таоло] Ҳар гоҳ кореро ирода кунад, фақат ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас [бедиранг] мавҷуд мешавад

19:36 Ва [Исо ба қавмаш гуфт] «Бе тардид, Аллоҳ таоло Парвардигори ман ва шумост; пас, ӯро парастед [ки] роҳи рост ин аст»

19:37 Он гоҳ гурӯҳҳо [-и мухталифи қавмаш] дар миёни худ дучори ихтилоф шуданд. Пас, вой бар онҳо, ки куфр варзиданд аз мушоҳидаи рӯзи бузург [қиёмат]!

19:38 Он рӯз, ки назди мо меоянд, чи [хуб] шунаво ва бино ҳастанд! Аммо имрӯз [дар зиндагии дунё] ситамгорон дар гумроҳии ошкоранд