>

Маркази тарҷумаи Равод — 306

19:12 [Аллоҳ таоло фармуд] «Эй Яҳё, китоби [Таврот]-ро бо қувват [ва ҷиддият] бигир» ва дар кӯдакӣ ба ӯ дониш [ва ҳикмат] додем

19:13 Ва аз ҷониби хеш [ба ӯ] муҳаббату покӣ [аз гуноҳон ато кардем] ва ӯ парҳезкор буд

19:14 Ва нисбат ба падару модараш накукор буд ва саркаш [-у] нофармон набуд

19:15 Ва салом [ва амнияти Аллоҳ таоло] бар ӯ бод, рӯзе, ки мутаваллид шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки зинда барангехта мешавад

19:16 Ва дар [ин] китоб [Қуръон] аз Марям ёд кун, он гоҳ ки аз хонаводааш канора гирифт [ва дар] ноҳияи шарқӣ [аз онон] мустақар шуд.

19:17 Ва миёни худ ва онҳо пардае афканд [то хилватгоҳи ибодаташ бошад]. Он гоҳ [мо] Рӯҳи худ [Ҷабраил]-ро ба сӯяш фиристодем ва ба шакли инсоне хушандом бар вай намоён гашт.

19:18 [Марям] Гуфт: «Ман аз [шарри] ту ба [Аллоҳи] Раҳмон паноҳ мебарам. Агар парҳезкорӣ [ба ман осеб нарасон]»

19:19 [Ҷабраил] гуфт: «Яқинан, ман фиристодаи Парвардигорат ҳастам, то ба ту писари покизае бахшам»

19:20 [Марям] гуфт: «Чи гуна мумкин аст писаре дошта бошам; ҳол он ки дасти ҳеҷ инсоне ба ман нарасидааст ва бадкор [низ] набудаам?»

19:21 [Ҷабраил] Гуфт: «[Дастур] чунин аст. Парвардигорат фармуд: «Ин [кор] бар ман осон аст ва ӯро барои мардум нишонае [аз қудрати хеш] қарор медиҳем ва [низ] раҳмате аз сӯйи Мост; ва ин [шеваи таваллуд] амре анҷомёфта [ва ҳатмӣ] аст»

19:22 Пас, [Марям] ба ӯ бордор шуд. Ва бо ӯ ба ҷойе дурдаст [рафт ва аз мардум] канора гирифт

19:23 Пас, дарди зойиш ӯро ба самти як танаи нахл кашонд [ва ӯ дар ҳоле ки дард мекашид] гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мемурдам ва ба куллӣ аз ёдҳо мерафтам [то касе дар бораам хаёли ботил накунад]»

19:24 Ногаҳон аз зери [пойи] ӯ [Исо] нидояш дод, ки: «Ғамгин мабош. Парвардигорат зери [пойи] ту чашмаи обе равон сохтааст

19:25 Ва танаи нахлро ба тарафи худ такон бидеҳ, [то] рутаби тоза бар ту фурӯ резад