>

Маркази тарҷумаи Равод — 305

19:1 Коф, ҳо, ё, ъайн, сод.[1]

19:2 [Ин] Баёни раҳмати Парвардигорат [нисбат] ба бандааш Закариёст

19:3 Он гоҳ ки Парвардигорашро ба нидое пинҳон [ба дуо] хонд

19:4 Гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки устухонам суст шуда ва мӯйҳоям аз пирӣ сапед гашта ва эй Парвардигорам, [ҳаргиз] дар дуои ту [аз иҷобат] бебаҳра набудаам

19:5 Ва ман пас аз [марги] худ аз хешовандонам [нисбат ба ҳифзи дини Ту] бимнокам ва ҳамсарам [низ] нозост; пас, ба лутфи хеш фарзанде ба ман ато фармо

19:6 [Писаре, ки] Вориси ману вориси хонадони Яъқуб бошад; ва Парвардигоро, ӯро [дар илму дин инсоне] писандида гардон»

19:7 [Аллоҳ таоло дуояшро иҷобат карду фармуд] «Эй Закариё, Мо туро ба [таваллуди] писаре башорат медиҳем, ки номаш Яҳё аст [ва] пеш аз ин ҳамноме барояш қарор надодаем»

19:8 [Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, чи гуна писаре хоҳам дошт, дар ҳоле ки ҳамсарам нозост ва ман [низ] аз шиддати пирӣ ба нотавонӣ расидаам?»

19:9 [Фаришта] Гуфт: «Ин гуна аст [ки ту мегӯӣ, вале] Парвардигорат фармудааст: «Ин [амр] барои Ман осон аст ва ба ростӣ, пеш аз ин [низ] туро офаридем, дар ҳоле ки чизе набудӣ»

19:10 [Закариё] Гуфт: «Парвардигоро, барои ман нишонае [бар таҳаққуқи ин башорат] қарор бидеҳ». [Аллоҳ таоло] Фармуд: «Нишонаи ту ин аст, ки cе шабона [рӯз] дар ҳоле ки солим [ва тандуруст] ҳастӣ, бо мардум сухан намегӯӣ»

19:11 Пас, ӯ аз меҳроб [ ҷойгоҳи ибодаташ] ба сӯйи қавмаш рафт ва ба онон ишора кард, ки: «бомдоду шомгоҳ [Парвардигорро] ба покӣ ёд кунед»