>

Маркази тарҷумаи Равод — 304

18:98 [Он гоҳ Зулқарнайн] Гуфт: «Ин [сад] аз раҳмати Парвардигори ман аст [ва то Аллоҳ таоло бихоҳад, боқӣ мемонад]; аммо ҳангоме ки ваъдаи Парвардигорам фаро расад, онро дарҳам мекӯбад ва ваъдаи Парвардигорам ҳақ аст»

18:99 Ва дар он рӯз [ки ҷаҳон поён мепазирад] ононро [чунон] раҳо мекунем, ки [аз фаровонии ҷамъият] дар ҳам меомезанд ва [ҳамин, ки] дар сур дамида шуд, ҳамаро [дар як ҷо] ҷамъ мекунем

18:100 Ва он рӯз дузахро ошкоро бар кофирон арза медорем

18:101 [Ҳамон] Касоне, ки чашмонашон аз ёди ман дар парда [-и ғафлат] буд ва тавони шунидан [-и оёти илоҳиро] надоштанд

18:102 Оё касоне, ки куфр варзиданд, пиндоштаанд, ки [метавонанд] ба ҷойи ман бандагонамро корсоз [ва дӯсти худ] бигиранд? Бе тардид, Мо дузахро барои кофирон ҷойгоҳи пазироӣ сохтаем

18:103 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «[Мехоҳед] Шуморо аз зиёнкортарин [мардум] дар корҳо огоҳ созам?

18:104 Касоне, ки талошашон дар зиндагии дунё табоҳ гаштааст ва худ мепиндорад, ки кори наку мекунанд»

18:105 Онон касоне ҳастанд, ки ба оёти Парвардигорашон ва дидори Ӯ [дар охират] кофир шуданд; пас, корҳояшон табоҳ гашт ва рӯзи қиёмат барояшон [ҳеҷ қадру] арзише қоил намешавем

18:106 Инчунин аст, ки ба хотири куфре, ки варзидаанд ва оёту паёмбарони Маро ба тамасхур гирифтаанд подошашон дузах аст

18:107 Бе тардид, касоне, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста анҷом додаанд, боғҳои [биҳишти] барин манзилгоҳашон хоҳад буд

18:108 Ҷовидона дар он хоҳанд монд ва ҳаргиз аз он ҷо ба ҷойи дигаре гароиш надоранд

18:109 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар дарё барои [нигориши] калимоти Парвардигорам ранг шавад, пеш аз он ки калимоти Парвардигорам поён ёбад, ҳатман, дарё ба поён мерасад; ҳарчанд [дарёҳое дигар] ҳаммонанди он [дарёро низ] ба кумак биёварем»

18:110 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман фақат башаре [одӣ] ҳамчун шумо ҳастам. Ба ман ваҳй мешавад, ки танҳо маъбудатон Аллоҳ таоло яктост; пас, ҳар ки ба дидори Парвардигораш [дар охират] умед дорад, бояд кори шоиста анҷом диҳад ва ҳеҷ касро дар парастиши Парвардигораш шарик насозад»