Маркази тарҷумаи Равод — 303
18:84 Мо дар замин ба ӯ қудрату ҳукумат додем ва василаи [расидан ба] ҳар чизеро дар ихтиёраш ниҳодем
18:85 Пас, ӯ [аз ин] васоил [барои расидан ба аҳдофаш] истифода кард
18:86 [Рӯзе дар замин ба роҳ афтод] То ба маҳалли ғуруби хуршед расид. [Чунин ба назараш расид] Ки хуршед дар чашмае гарм ва гилолуд ғуруб мекунад ва дар [наздикии он ҷо қавме [кофир]] ёфт. [Ба ӯ] Гуфтем: «Эй Зулқарнайн, ё [ононро] муҷозот мекунӣ ё дар миёнашон [рафтори] накуе пеш мегирӣ»
18:87 [Зулқарнайн] Гуфт: «Аммо касеро, ки ситам карда [ва ширк варзида] аст, муҷозот хоҳем кард, сипас ба сӯйи Парвардигораш бозгардонида мешавад, он гоҳ ӯро ба азобе бисёр сахт муҷозот хоҳад кард
18:88 Ва аммо касе, ки имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас, [дар охират] накутарин подош [биҳишт]-ро хоҳад дошт ва бо мулоимат [ва меҳрубонӣ] бо вай сухан хоҳем гуфт»
18:89 Сипас [Зулқарнайн] аз васоили [худ] истифода кард [ва ба сӯйи машриқ рафт]
18:90 То он ки ба ҷойгоҳи баромадани хуршед расид. [Дар он ҷо хуршедро] Дид, ки бар мардумоне тулуъ мекунад, ки дар баробари он [нуру гармои офтоб] барояшон пӯшише қарор надода будем [на сарпаноҳе на сояи дарахте]
18:91 [Кори Зулқарнайн] Инчунин, буд ва Мо ба он чи ӯ дар ихтиёр дошт [ва анҷом медод], комилан огоҳ будем
18:92 Сипас [Зулқарнайн] аз имконот [-и худ] истифода кард [ва ба ҷойе байни шарқу ғарб рафт]
18:93 [Ӯ ҳамчунон рафт] То ба [дарае] миёни ду кӯҳ расид ва дар канори он ду [кӯҳ] мардумеро ёфт, ки сухане [ба ҷуз забони худро] намефаҳмиданд
18:94 [Онон] Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, Яъҷуҷу Маъҷуҷ дар ин сарзамин [табаҳкорӣ ва] фасод мекунанд. Пас, оё [мумкин аст] харҷе дар ихтиёр қарор диҳем, то миёни мо ва онон садде бисозӣ?»
18:95 Ӯ гуфт: «Он чи [аз қудрату сарват] ки Парвардигорам дар он ба ман тавоноӣ додааст [аз он чи арза мекунед], беҳтар аст; пас, маро бо неру [-и инсонӣ] ёрӣ кунед, [то] миёни шумо ва онон садде муҳками устувор созем
18:96 Ҳатман, пораҳои оҳан бароям биёваред [ва рӯйи ҳам бичинед]», то вақте комилан миёни ду кӯҳро баробар сохт [ва пӯшонд. Сипас] гуфт: «[Дар атрофи девораи оҳанин оташ бияфрӯзед ва] дар он бидамед». [Онон чунин карданд] То вақте он [пораҳои оҳан]-ро гудохта кард; [сипас] гуфт: «[Акнун] миси обшуда бароям биёваред, то рӯйи он [девор] бирезам».
18:97 Пас, [Яъҷуҷу Маъҷуҷ] дигар натавонистанд аз он боло раванд ва [ҳатто] натавонистанд сӯрохе дар он эҷод кунанд